Таҳвилли занону кӯдакони аз Сурия овардашуда ба хонаводаҳояшон

Баъд аз ҳашт моҳ занону кӯдаконеро, ки аз Сурия ба Тоҷикистон оварда шуда буданд, ба хонаводаҳояшон супурдаанд.

Баъд аз ҳашт моҳ занону кӯдаконеро, ки аз Сурия ба Тоҷикистон оварда шуда буданд, ба хонаводаҳояшон супурдаанд.

Дар ин бора Радиои Озодӣ иттилоъ дода, зикр мекунад, ки кӯдакону занон дар охири моҳи марти имсол ба назди пайвандонашон рафтаанд.

146 зану кӯдаки тоҷикро моҳи июли соли гузашта аз Сурия оварда, дар маҷмааи сайёҳии Кумитаи андоз дар ноҳияи Варзоб ҷойгир карданд. Масъулонаш рӯзи 7-уми апрел гуфтаанд, занону кӯдаконе, ки аз Сурия оварда шуданд, «дигар инҷо нестанд».

Як масъули маҷмааи сайёҳӣ бе зикри номаш гуфтааст, 42 зан ва 104 кӯдак рӯзи 20-уми марти имсол ба хонаводаҳояшон супорида шуданд. Ҳамсубати мо чанд аксеро нишон додааст, ки занону кӯдакон бо ҳамдигар хайрухуш мекунанд.

Манбаъ дар маҷмааи сайёҳии Кумитаи андоз гуфтаааст.

«Давоми ҳашт моҳ равоншиносон, адибон ва мутахассисони дигар бо занону кӯдакон кор карданд. Дар асоси хулосаи онҳо занону кӯдаконро ба наздиконашон доданд. Дар хонаҳояшон низ зери назорати мақомот хоҳанд буд».

Дар ҳамин ҳол мақомот ва пайвандони кӯдакон бо расонаҳо сӯҳбат намекунанд. Наздикони яке аз кӯдакон гуфтааст, ки онҳо дастур гирифтаанд, ки дар ин бора бо хабарнигорон суҳбат накунанд.

Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ду дафъа шаҳрвандони худро овард.

Бори аввал соли 2019 даҳҳо кӯдаку наврасро аз Ироқ оварда, дар осоишгоҳи Харангони Варзоб ҷой доданд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, аксари онҳоро ба мактаб-интернатҳо супурдаанд. Давоми чор сол хабарнигорон имкони суҳбат бо онҳоро надоштанд.

Пас аз соли 2014 ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Ироқу Сурия рафта, ба гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ» пайвастанд. Аксари мардон дар ҷангҳо кушта шуда, занону кӯдаконашон сарсон мондаанд. Феълан низ дар ду паноҳгоҳи Сурия ва зиндонҳои Ироқ даҳҳо зану кӯдаки тоҷик ҳастанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Мақомоти Тоҷикистон марҳилаи дуюми баргардондани занону кӯдакони тоҷикро аз паноҳгоҳи “Ал-Ҳол”-и Сурия оғоз кардаанд.

Дар ин паноҳгоҳ беш аз 500 зану кӯдаки ҷангҷӯёни ДОИШ ҳастанд. Тоҷикистон моҳи июли имсол беш аз 140 зану кӯдакро аз онҷо ба ватан баргардонда буд.

Як намояндаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 23-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи корӣ ба ин паноҳгоҳ рафта, занону кӯдаконро барои овардан ба ватан номнавис карданд.

Ӯ афзуд: “Дар паноҳгоҳ бештар кӯдакон мондаанд. Бархе модар надоранд ва дар тарбияи занони дигар ҳастанд.”

Занони тоҷик дар гузашта гуфта буданд, ки хаймаҳои паноҳгоҳ дар зимистон сард мешавад ва онҳо бо кӯдакон азоб мекашанд.

Аз соли 2014, пас аз он ки гурӯҳи тундрави ДОИШ дар қисме аз қаламравҳои ишғолии Сурия ва Ироқ хилофати худхондаи худро эълон кард, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба ин минтақа рафтанд.

Мақомот гуфтаанд, ҳудуди ду ҳазор нафар ба ин созмони тундрав пайвастанд. Аксар мардон боздошт ё куштаву бенишон шудаанд, вале ҳамсару фарзандони онҳо дар паноҳгоҳҳои Сурия ҳастанд.

 

занонкӯдаконСурия
Comments (0)
Add Comment