Рӯза ба ман чеҳраи ҳақиқии Исломро нишон дод

Андонио Гутерриш бо ишора ба инки дар боздидҳои қаблиаш аз урдугоҳҳои паноҳандагон, барои ҳамроҳӣ бо мусалмонон рӯза мегирифт гуфт: Рӯза чеҳраи ҳақиқии дини Исломро ба ман нишон дод.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба инки рӯза чеҳраи ҳақиқии Исломро ба ӯ нишон дод гуфт: мантиқӣ аст, ки дар моҳи Рамазон ҳамбастагии худро бо паноҳандагони мусалмон эълон кунам.

Вай гуфт: ҳар сол барои ибрози ҳамбастагӣ бо паноҳндагони мусалмон ва қадрдонӣ аз арзишҳои динии онҳо ба кишваре меравам, ки урдугоҳҳо ё чамъомадхои паноҳандагон дар он аст.

Дабири кулли СММ изҳор кард: дар чорчуби сафарҳои маъмули моҳи Рамазон ҳар сол ба кишварҳои исломӣ дар моҳи Рамазони ҷорӣ ба Сумолӣ хоҳам рафт то ҳамбастагии худро бо миллати он иброз кунам. сумолиҳо солҳои зиёде аст, ки аз адами субот ва хушксолӣ ранҷ мебаранд.

Вай афзуд: ҳадаф аз сафар ба кишварҳои исломӣ дар моҳи Рамазон, ҷалби тавваҷӯҳи дунё ба ранҷи ҷавомеи исломӣ дар ин кишварҳо мебошад.

Гутерриш изҳор кард: аксари паноҳандагоне, ки вай дар муддати роҳбарии худ дар Комиссари олии оид ба гурезагон бо онҳо мулоқот кард мусалмон буданду аксари ҷомеаҳое, ки бо саховату ҳамбастагии боло мизбони паноҳандагон будаанд низ мусалмон буданд.

Гутерриш таъккд кард: оинномаи СММ, ки дар соли 1951 барои ҳимоят аз паноҳандагон содир шуд комилан бо арзишҳои маънавии мавҷуд дар Китоби Муқаддас ва Қуръони Карим мутобиқат дорад.

Андонио ГутерришРамазонРӯзаСозмони Милали Муттаҳид
Comments (0)
Add Comment