Шаҳодати ду ҷавони фаластинӣ ба дасти низомиёни саҳюнистӣ

Низомиёни артиши режими саҳюнистӣ аз соате қабл ҳамлаи густардаеро ба шаҳри Ноблуси Фаластин оғоз карда ва ду ҷавони фаластиниро ба шаҳодат расонданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, низомиёни артиши Исроил бо ҳамла ба чанд шаҳри Ноблус хонаҳои фаластиниҳоро мавриди ҳамла қарор доданд.

Саҳюнистҳо пас аз ҳамла ба Ноблус ду ҷавони фаластиниро боздошт карданд.

Манобеи маҳаллӣ аз даргирии мусаллаҳонаи шадиди миёни ҷабҳаи муқовимати Фаластин ва ишғолгарони исроилӣ дар шаҳри Ноблус хабар доданд.

Ҳилоли Аҳмари Фаластин эълон кард, ки дар пайи ин даргирӣ ду ҷавони фаластинӣ ба шаҳодат расида ва шуморе дигар захмӣ шуданд.

Муҳаммад Абубакр ва Муҳаммад Ал-ҳаллоқ ду ҷавони фаластинӣ ҳастанд, ки дар даргирии мусаллаҳона бо ишғолгарони яҳудӣ дар Ноблус ба шаҳода расиданд.

ИсроилРежими саҳюнистӣФаластиншаҳодат
Comments (0)
Add Comment