Бо вуҷуди фишори Ғарб, равобити Русия ва Беларус густариш меёбад

Владимир Путин дар паёми табрик ба муносибати рӯзи иттиҳоди Русия ва Беларус хитоб ба Александр Лукашенко гуфт, ки равобити ду кишвар бо вуҷуди таҳримҳои Ғарб, бештар аз қабл тавсеа меёбад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, расонаҳои Русия аз паёми табрики раиси ҷумҳури ин кишвар ба ҳамтои Беларусии худ ба муносибати «рӯзи иттиҳоди мардумони Русия ва Беларус» ва густариш дар равобити ду тараф хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, “Владимир Путин “, хитоб ба Александр Лукашенко ба таҳримҳои Ғарб ишора ва эълом кард, ба рағми ин таҳримҳо Русия ва Беларус ба таври муассир дар ҳоли ҳамоҳангии талошҳо дар арсаи байналмилалӣ ҳастанд.

Дар паёми раиси ҷумҳури Русия омадааст: «Александр Григориевичи азиз, гармтарин табрики моро ба муносибати рӯзи иттиҳоди мардумони Русия ва Беларус бипазир… Ба рағми фишорҳои таҳрими бесобиқа аз хориҷ, мо ба таври муассир талошҳоро дар арсаи байналмилалӣ ва дар ҳавзаи дифоъи ҳамоҳанг ва ба таври муваффақ барномаҳоеро бо ҳадафи тақвияти ҳокимияти молӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фановарӣ иҷро мекунем».

Владимир Путин таъкид кард, ки Русия ва Беларус ба таври низомманд ҳамкориҳои судманди мутақобилро густариш медиҳанд. Вай ҳамчунин ибрози итминон кард, ки широкати байни мардуми ин ду кишвари бародар дар оянда рушд хоҳад кард.

Раиси ҷумҳури Русия дар поёни паёми табрики худ ба раиси ҷумҳури Беларус, барои Лукашенко оризуи саломатӣ ва муваффақият ва барои шаҳрвандони Беларус шодӣ ва рифоҳ кард.

Паёми табрики Путин дар шароите содир шуда, ки равобити Русия ва Беларус тайи солҳои ахир ба рағми фишорҳои Амрико ва муттаҳидони аврупоӣ он густариш ёфта ва ҷанги Украина тағйире дар ин раванд эҷод накардааст.

Шанбе ҳафтаи гузашта буд, ки раиси ҷумҳури Русия аз барномаи ин кишвар барои истиқрори таслиҳоти атомии тактики дар Беларус хабар дод; Иқдоме, ки бо вокуниши манфии Амрико ва муттаҳидонаш дар Иттиҳодияи Аврупо мувоҷеҳ шуд.

Ба рағми вокунишҳои манфии кишварҳои ғарбӣ, Александр Лукашенко ва дигар мақомоти Беларус зимни ҳимоят аз истиқрори таслиҳоти атомии тактикии Русия тасреҳ карданд, ки ин таслиҳот аз Беларус дар баробари таҳдидоти Ғарб ҳифозат хоҳад кард.

Александр ЛукашенкоБеларусВладимир ПутинҒарбМинскРусия
Comments (0)
Add Comment