Таъсири рӯҳонии рӯзадорӣ дар услуби махсус

Рӯзадорӣ дар услуби махсус шароит ва самараҳои рӯҳонӣ дорад, хавос яъне касоне, ки мехоҳанд баҳраи рӯҳӣ ва равонӣ аз рӯзадорӣ бибаранд бояд олуда ва ифлоскунандахои рӯҳро, ки чаҳор чиз аст, кантрол кунанд; чашм, гӯш, забон ва даст.

Мустафо Ҳасанӣ,, исломпажӯҳ ва коршиноси улуми динии Миср дар яке аз барномаҳои видеоии худ ба муносибати моҳи шарифи Рамазон ба мартабаи Рӯзадорӣ назди хавос ишора мекунад ва аз мавориде, ки ботилкунандаи рӯзаи воқеӣ аст, мегӯяд. Матни суханони ӯро дар инҷо зикр мекунем.

Аз хӯрдан дурӣ кардан барои замонҳои мушаххас дар адёни масеҳӣ, яҳудӣ ва ойинҳои будо ва ҳиндӣ вуҷуд дорад ва дар илми юго ва энержӣ дармонӣ ҳам ба рӯзадорӣ тавсия шудааст; бино бар ин нахӯрдан ва нанушидан барои рӯҳ ҳам ба монанди ҷисм муфид аст; ба шарте, ки олудакунандаҳои рӯҳ кантрол шаванд.

Замоне, ки як пизишки амали ҷарроҳӣ анҷом медиҳад, танҳо маҳорати пизишк кофӣ нест, балки абзору васоили утоқи ҷарроҳӣ ва ҳама чиз бояд кантрол шуда бошад; бино бар ин инсон агар бихоҳад мисли хавос рӯза бигирад бояд битавонад олудакунандаҳои рӯҳи худро кантрол кунад хавос чӣ касоне ҳастан?

Касоне, ки мехоҳанд баҳраи рӯҳӣ ва равонӣ аз рӯзадорӣ бибаранд на инки рӯзадориро фақат ба далели инки фарз ва таклифи динӣ аст ва аз тарси азоб анҷом диҳанд.

Олудакунандаҳои рӯҳ чаҳор чиз аст, чашм, гӯш, забон ва даст.

Худованд дар ояти 30-уми сураи Нур дар Қуръони Карим мефармоед: [Эй Паёмбар!] Ба мардони мӯъмин бигӯ: «Дидагонашонро [аз нигоҳи номаҳрам] фурӯ доранд ва домани худро ҳифз кунанд; ин барои онҳо покизатар аст; ҳамоно Худо ба он чи анҷом медиҳанд, огоҳ аст».

Ва сипас дар ояти 31-уми ҳамин сура мефармояд: Ва ба занони мӯъмин бигӯ: «Дидагонашонро [аз нигоҳи номаҳрам] фурӯ доранд ва домани худро ҳифз кунанд ва зинати худро ошкор насозанд, ҷуз он чи аз онҳо, ки ошкор аст; ва бояд русариҳои худро бар гиребонҳояшон фурӯ гузоранд ва зиннати худро ошкор насозанд, ҷуз барои шавҳаронашон ё падаронашон ё падарони шавҳаронашон ё писаронашон ё писарони шавҳаронашон ё бародаронашон ё писарони бародаронашон ё писарони хоҳаронашон ё занон[-и ҳам оин]-ашон ё канизҳое ки дар дасти онҳост ё мардони вобастае, ки ниёз [ба зан] надоранд ё кӯдаконе, ки бар авратҳои занон огоҳӣ надоранд; ва поҳояшонро [ба замин] назананд, то он чи аз зинаташонро, ки пинҳон медоранд, ошкор шавад; ва эй мӯъминон! Ҳамагӣ ба даргоҳи Худо тавба кунед, бошад, ки шумо растагор шавед».

Нигоҳи бо шаҳват ба номаҳрам тирест заҳролуд аз ноҳия шайтон, ки рӯҳро фосиду шаҳватро баланд мекунад ва касе, ки аз ин навъ нигоҳ аз тарси Худо бипарҳезад Худованд дар ивази он ба ӯ имоне медиҳад, ки ширинии онро дар қалбаш эҳсос мекунад.

Бино бар ин ба ин нукта дар замони рӯзадорӣ диққат кунед гоҳе нигоҳҳои зиёдӣ инсонро аз ёди Худо ғофил мекунад ба монанди инки ҳамеша чашмамон дунболи ин бошад, ки дигарон чӣ доранд ба хонаҳо ё мошинҳои зебо бо ҳасрат нигарем. Инҳо инсонро аз Худованд ғофил мекунад бино бар ин кантроли нигоҳ ҳамвора зарурат дорад.

Дуюмин фасодкунандаи рӯҳ, гӯш аст ҳадис аст, ки “шунаванда шарик гӯяндааст”.

Худованди Мутаъол дар ояти 140-уми сура Нисо мефармояд: Ба таҳқиқ Худо [ин ҳукмро] дар Китоб бар шумо нозил кардааст, ки ҳар гоҳ оятҳои Худоро бишунавед, ки онҳо мавриди инкор ва тамасхур қарор мегирад, пас, бо онҳо манишинед, то он ки дар сухани ғайри он дароянд; зеро шумо дар ин сурат мисли онҳо хоҳед буд; ҳамоно Худованд гирдоварандаи ҳамаи мунофиқон ва кофирон, дар дӯзах аст.

Бино бар ин шунидани ғайбат, суханчинӣ ва носазо низ ба рӯҳ дар ҳини рӯзадорӣ осеб мезанад.

Сеюмин фасодкунандаи рӯҳ забон аст, ки албата нахустин осебзананда ба рӯҳ ҳамин забон мебошад ғайбат, дурӯғпароканӣ ва ҳақорат рӯҳро фосид мекунаду монеи қабул гардидани дуо мешавад.

Пас бидон гӯш додан ба ғайбат, ҳақорат ва суханчинӣ ба ҷуз инки рӯҳро олуда ва рӯзаро ботил мекунад ҳеҷ фоидаи дайгаре надорад. Пас чашм, гӯш ва забон муроқибат мехоҳад ва забон бештар аз ҳама. Забон нахустин боиси ба гуноҳ афтидан аст ва ба ҳамон андоза метавонад боиси бештарин корҳои хайр ва баракоту баланд бардоштани рӯҳ барои инсон бошад.

Ғайбат, бадгӯӣ аз дигарон аст ва пушти сари афрод чизҳое гуфта мешавад, ки онҳо дӯст надоранд.

Суханчинӣ ҳам саханероро аз ҷое ба ҷои дигар бурдан бо ҳадафи фитна андохтан аст. ҳақорат ҳам гуфтани лафзе аст, ки танҳо мизони бадиҳоро зиёд мекунад ва боис мешавад хубиҳое ҳам, ки фард карда табдил ба бадиҳо шавад.

Пас аз чашму гӯшу забон охирин фасодкунандаи рӯҳ, даст аст. Дароз кардани даст ба самти чизе, ки ҳалол нест, рӯҳро фосид мекунад ва монеи қабул шудани дуо мешавад. Аз ин маврид ҳисоб кунед то бузургтарин сирқатҳое, ки бо даст анҷом мешавад, ҳатто имрӯз фейсбукнависӣ ҳам метавонад гуноҳ бошад чизеро бо даст менависед, ки шоиста нест ё тамасхури дигарон аст ҳамаи ин гуноҳон бо даст анҷом мешавад ва олудакунандаи рӯҳ ҳастанд.

Бо поёни моҳи шарифи Рамазон барои ҳифзи маънавии рӯҳ, ислоҳи дидану идома додани зикр лозим аст то бидонем ҳар лаҳза дар маҳзари Худо ҳастем ва гуноҳ накунем яке аз муҳимтарин азкор “Ё Рабба-л-оламин” аст.

Эй парвардгори оламиён тавфиқи беҳтарин рӯзадориро ба мо ато кун ва тақворо рӯзии мо фармо ва ҷону рӯҳи моро тазкия кун, ки ту беҳтарин тазкиякунандаи рӯҳҳо ҳастӣ ва ту валӣ ва мавлои рӯҳи мо инсонҳо ҳастӣ.

Рамазонрӯзадорӣ
Comments (0)
Add Comment