Як гуруҳи ироқӣ масъулияти ҳамла ба пойгоҳи амрикоӣ дар Сурияро бар уҳда гирифт

Гуруҳи ироқии "Лаво-ул-ғолибун" масъулияти ҳамла ба низомиёни амрикоӣ дар шарқи Сурияро бар уҳда гирифт.

Гуруҳи ироқии “Лаво-ул-ғолибун” бо нашри баёнияе ҳамлаи соати як зуҳри панҷшанбе ба вақти Бағдод ба пойгоҳи Амрико дар шарқи Сурияро бар уҳда гирифт.

Ин гуруҳ таъкид кард: “эълон мекунем, ки  ягони паҳподии муқовимати исломии Лаво-ул-ғолибун тавонист фурудгоҳи Рамилон дар Сурияро, ки таҳти ишғоли неруҳои амрикоӣ қарор дорад, зуҳри панҷшанбеи якуми моҳи Шарифи Рамазон, дар соати 1 зуҳр ба вақти Бағдод мавриди ҳадаф қарор диҳад. Ин амалиёт ба эътирофи ишғолгарони амрикоӣ сабаби кушта ва захмӣ шудани теъдоди зиёде аз сарбозонашон шуд.

Гуруҳи ироқии “Лаво-ул-ғолибун” эълон кард, ки то замони хуруҷи комили неруҳои амрикоӣ аз кишвари Ироқ қасди идомаи амалиётҳои дақиқи бештаре алайҳи неруҳои ишғолгари Амрикоро дорад.

Расонаҳои хабари дар рӯзҳои гузашта аз ҳамлаи пай дар пайи ракетӣ ба пойгоҳҳои Амрико дар шарқи Сурия хабар дода буданд.

АмрикоИроқСурия
Comments (0)
Add Comment