Рамазон дар Фаластин: Аз таблкӯбӣ ва шириниҷот то Мақлуба+акс

Моҳи Рамазон дар Фаластин таъми хоссе дорад, ки шояд дар бисёре аз нуқоти замин беназир бошад, зеро мардум бо вуҷуди сахтиҳо, ранҷҳо, захмҳо ва дардҳо, иртибот ва муҳаббат ва раҳмати худро бештар мекунанд.

Рамазон, яке аз моҳҳои бузург ва муҳим дар миёни кишварҳои исломӣ ва махсусан кишварҳои арабӣ аст. Кишварҳои арабӣ ҳар кадом дар моҳи шарифи Рамазон фарҳанг, одоб, ғизо ва тазйини мунҳасир ба худашонро доранд. Фаластин аз ин қоида ҷудо нест, балки вижатар ҳам ҳаст. Ба қавли Фаластиниҳо “رمضان فی القدس غیر”, рамазон дар Қудс чизи дигаре аст!

Эъломи Рамазон ва рафтан ба пешвози саҳарҳои он

Мардуми Фаластин дар моҳи мубораки Рамазон одоб ва русуми худро доранд; Замоне, ки ҳилоли рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазонро мушоҳида карданд, аз минораҳои масоҷид садои Аллоҳу Акбар ҳамаи сарзамини Фаластинро пур мекунад, ҳамаи хиёбонҳоро тазйинбанди мекунанд ва шодӣ ва сарвари дилҳои аҳолии ин диёрро метавон дар чашмони онҳо биёбӣ. Яке аз суннатҳои таърихӣ Фаластиниҳо дар Рамазон, истиқболи вижа аз ин моҳ муборак аст. Дар қадим ин истиқбол бо шиллики тӯп ҳамроҳ будааст. Имрӯза бо кӯбидан бар табақ ва ҷашн ва чароғонии шаҳрҳо мардум ба истиқболи моҳи Худо мераванд.

Аз зеботарин одоб ва русуми мардуми Фаластин дар моҳи мубораки Рамазон ин аст, ки бузурги хонавода, фарзандон ва хонаводаашро дар рӯзи аввали моҳ мубораки Рамазон бар сари суфраи саҳарӣ даъват мекунад ва ба дидори ақвоми худ меравад ва ба онҳо ҳадия медиҳад.

Ҳанӯз садои табл ва сурудаҳои саҳаргоҳон, ки мардумро барои зинда дорӣ дар саҳар ва сарфи саҳарӣ аз хоб бедор мекунад шунида мешавад, ки нидо медиҳад «бедор шавед вақти саҳар омадааст». Шустушӯ ва тазйини Масҷидулақсо ва бозорҳои вуруди ба Масҷидулақсо яке дигар аз одоби ҳамешагии фаластиниҳост.

Ороиши зебои чароғак ва моҳ

Фаластиниҳо бо ороиш ва чароғониҳои вижаи шаҳрҳо ва масоҷид, ба истиқболи Рамазон мераванд. Яке аз ороишҳои вижаи фаластиниҳо чароғи фонус аст, ки зебоӣ вижаое ба Рамазон мебахшд.

Фонуси Рамазон барои нахустин бор дар замони “Муизуддин Фотимӣ”, чаҳорумин халифаи Фотимӣ роиҷ шуд ва он замоне буд, ки Муизуддин дар панҷумин рӯзи моҳи Рамазони соли 358 ҳиҷрии қамарӣ шабона вориди Қоҳира шуд ва мардум бо шамъҳое дар ҳифозҳои чӯбӣ ба истиқболи ӯ рафтанд.

Халифаи Фотимӣ ҳам аз дидани чунин фонусҳое шигифтзада шуда ва ба бузургони шаҳр дастур дод, ки дар масоҷид фонусҳое, ки дохили онҳо шамъҳои равшан қарор дорад, овезон кунанд аз он замон равшанкардани фонус дар моҳи Рамазон ба расм ва одати маъмул ва намоди иштиёқи расидани моҳи Худо дар Миср ва сипас кишварҳои арабӣ ба вижа дар Димишқ, Ҳалаб, Қудс ва Ғазза табдил шуд.

Санъати сохти фонусҳои рамазонӣ дар Навори Ғазза низ равнақ дорад ва дар остонаи моҳи муборак шаҳрвандоне, ки шуғли аслии онҳо сабук аст ё дар сояи муҳосираи Ғазза ба кори дигаре машғул нестанд, аз моҳҳо қабл аз оғози моҳи мубораки Рамазон бо хариди маводи аввалияи сохти фонусҳои рамазонӣ дар хонаҳои худ ба ин ҳирфа машғул мешаванд ва албатта ба шуғли хонаводагии бархе ҳам табдил шудааст.

Нон ва ширинӣ, ғизои ҷудонашуднӣ аз Рамазони фаластиниҳо

Бӯи нони гарм ва матбӯъ ва шириниҳои хосси махсуси Фаластиниён дар дасти рӯзадорон дар остонаи вақти ифтор бо ҳеҷ куҷои дигар қобили муқоиса нест. Аз хӯрокиҳои машҳури Фаластиниён дар ин моҳ “Ал-Мақлуба, Ал-Фориқа, Ал-Мансаф” ва анвоъи нӯшиданиҳои ҳамчун шарбати анор, шарбати ангур ва шарбати афлесун аст, ки суфраҳои ифтории рӯзадорони Фаластиниро баракат додааст. Масрафи болои туршиҷот, солод ва адвия ҳамвора ҷузъи собити саҳарӣ ва ифтори фаластиниҳост.

Намози таровеҳ ва ифтор дар Масҷидулақсо

Барпоӣ намозҳои таровеҳ ва барпоӣ суфраҳои ифтор дар саҳнаҳои Масҷидулақсо аз вижагиҳои боризи моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Қудс аст. Яке аз одоб ва суннатҳои фарогир дар моҳи Рамазони фаластиниҳо, боздид ва ифториҳои дастаҷамъӣ аст; Бозидҳое, ки гоҳе ранг ва бӯи шаҳодат ҳам мегирад. Дар Рамазон фаластиниҳо ба хонаҳои модарони шуҳадо мераванд то нақши онон фаромӯш нашавад. Дидоре, ки бо ин истилоҳ ҳамроҳ аст: “Мо ҳама фарзандони ту ҳастем эй модари шаҳид”.

Муқлуба яке аз ифториҳои машҳур ва пур сару садои Фаластиниҳо дар Масҷидулақсо аст. Муқлуба як навъ ғизо аст, ки дар тамоми кишварҳои арабӣ, аммо ба равиши мухталиф бо маводди мурғ, гӯшт ё сабзиҷот дуруст мешавад. Нуктаи ҷолиб дар пухт ва истифода аз ин ғизо ин аст, ки вақте ғизо пухта мешавад, барои истифода аз он ғизоро аз дохили дег ба рӯи як табақи бузург бармегардонанд. Ҳоло ҳамин иттифоқ, яъне баргардондани ғизо рӯи зарфи дигар, боис шуда ин ғизо дар Фаластини Ишғолӣ табдил ба намоди пирӯзии Қудс ва вожгун шудани султаи душманони Қудс шавад.

Баргардондани дегҳо (ба унвони бахше аз фароянди табхи ин ғизо) барои ин рижеми ғосиб паёми муҳимме дорад ва ба онҳо ёдоварӣ мекунад, ки мисли деги Мақлуба маҳкум ба сарнагунӣ ҳастанд! Пухти ин ғизо дар солҳои ахир бештар шуда ва занони фаластинӣ ҳарсол онро бо ҷидияти бештар анҷом медиҳанд. Ҳоло ғизое, ки пеш аз ин танҳо як ғизои маъмулӣ буд, ба яке аз роҳҳои мубориза бо ишғолгарони Исроил табдил шудааст.

Декабри 2017 буд, ки Трамп эълом кард Қудсро ба унвони маркази режими саҳюнистӣ ба расмият мешиносад. Ҳамон рӯз занони фаластинӣ, ки худашонро ходими Қудс ва ормонҳои Фаластин медонанд, бо дегҳои Мақлуба ба саҳни Масҷидулақсо омаданд ва бо баргардондани ғизо посухи Трампро доданд. Ҳоло саҳюнистҳоҳам ба рӯй баргардондани дегҳои Мақлуба ҳассосият нишон медиҳанд ва ба хубӣ паём ва фалсафаи ин корро дарк кардаанд. Мақлуба танҳо маззаи ғизо намедиҳд, балки бештар аз ғизо маззаи мубориза ва дифоъ аз ватанро ба даҳони дигарон мечашонад.

Ҷамъбандӣ

Моҳи мубораки Рамазон дар Фаластин таъми хоссе дорад, ки шояд дар бисёре аз нуқоти замин беназир бошад, мардум бо вуҷуди сахтиҳо, ранҷҳо, захмҳо ва дардҳо, иртибот ва муҳаббат ва раҳмати худро бештар мекунанд ва дастҳои меҳрубон барои пок кардани ашкҳо дароз мешавад. Дидор бо ятимон ва расидагӣ ба хонаводаи шуҳадо ва асирон, ҷузъи шохисаҳои рамазони фаластиниҳост. Боздид аз беморон дар бемористонҳо ва тақдими ҳадоё ба онҳо ва афзоиши пайвандҳои хешовандӣ, густариши зиёфатҳо ва ифторҳои даста ҷамъӣ дар масоҷид аз дигар муҳиммтарин вижагиҳои рамазонҳои фаластинӣ аст.

Рамазон дар Фаластин дар 3 соли ахир, ранг ва бӯи муқовимати бештаре гирифтааст. Иттифоқоти Сайф ал-Қудс ва эътикофҳо дар Масҷидулақсо барои ҷилавгирӣ аз таҷовузи гурӯҳҳои тундрави саҳюнистӣ ба Масҷидулақсо ранг ва бӯи Рамазон дар Фаластинро мутафовиттар кардааст.

ҚудсМақлубаМасҷидулақсоРамазонсаҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment