Эълони тазоҳуроти Мухолифин алайҳи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо

Мухолифин ва фаъолони сиёсии муқими Аврупо эълон кардаанд рӯзи 25 март дар Берлин алайҳи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо гирдиҳамоии эътирозӣ барпо хоҳанд кард.

Мухолифин ва фаъолони сиёсии муқими Аврупо эълон кардаанд рӯзи 25 март дар Берлин алайҳи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо гирдиҳамоии эътирозӣ барпо хоҳанд кард.

Аз тоҷикони муқими Аврупо дархост шудааст дар ин гирдиҳамоӣ ширкат кунанд.

Дар ин эълон омадааст:

Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон диктатори Тоҷикистон ба кишварҳои демократӣ сафар намуда, ин кишварҳоро ҳомии сиёсати саркубгаронаи ҳукумати хонаводагии худаш муаррифӣ карда, саркубҳои худро машруъ ва табиӣ ҷилва диҳад.

Қатли омми мардуми Бадахшон, зиндонӣ кардани фаъолони сиёсиву ҳуқуқӣ ва ба солҳои тулонӣ маҳкум шудани хабарнигорон дар чанд моҳи охир ҳама далели худкомагӣ ва саркубгарии ҳукумати Раҳмон ҳастанд.

Сафари ӯ ба Аврупо маънои машруъият бахшидан ба густариш додани ин амалҳо ҳастанд.

Бинобарин аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Аврупо барои эътироз ба ин сафари Раҳмон ва ҳамчунин эътироз ба истирдоди мухолифини режими Раҳмон ба Тоҷикистон даъват менамоем, ки ба гирдиҳамоии мо дар Берлини Олмон бипайванданд.

Замон: 25. 03. 2023

Макон: Шаҳри Берлин

 

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Подшоҳии Нидерланд конфронси муҳимеро дар СММ раисӣ хоҳад кард, ки ташаббускори аслию ҷаҳонисозии он худаш аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари корӣ субҳи 20 март ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рафт.

Ба гузориши дафтари матбуоти президент, ҳадафи сафари кишвардор иштирок дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Гуфта мешавад, дар ин сафар сарвари давлатро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои кадрҳо, вазири энергетика ва захираҳои об, раисони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд.

Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

Конфронс ҷаласаҳои минтақавию глобалии омодагӣ алоқаманд ба обро дар бар гирифта, аз маросими кушодашавию пӯшидашавӣ, 6 ҷаласаи пленарӣ, 5 муколамаи интерактивӣ, ҷаласаҳои канории сатҳи баланд, махсус ва дигар чорабиниҳои махсус, ки аз ҷониби тарафҳои манфиатдор доир мешаванд, иборат аст.

Дар доираи Конфронс, ҳамчунин баргузории чорабинҳои фарҳангӣ низ, дар назар дошта аст.

Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2023 таҳти ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор гардида, Департаменти СММ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо дастгирии ниҳоди СММ – Об функсияи котиботи Конфронсро амалӣ менамояд.

Конфронс бояд ҳамаи соҳаҳои дигарро барои беҳтар намудани идоракунӣ ва истифодаи захираҳои об сафарбар намояд.

 

АврупомухолифинЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment