Аввалин шаҳиди фаластинӣ дар моҳи шарифи Рамазон

Манобеи маҳаллии Фаластин хабар доданд, ки як ҷавони фаластинӣ дар шимоли ғарби Каронаи Бохтарӣ ба зарби гулулаи низомиёни саҳюнист ба шаҳодат расидааст.

Манобеи фаластинӣ имрӯз (панҷшанбе) хабар доданд, ки низомиёни Исроил як ҷавони фаластиниро дар шимоли ғарби Каронаи Бохтарӣ ба шаҳодат рисондаанд.

Манобеи маҳаллии Фаластин хабар доданд, ки ин ҷавон Амир Абухадиҷа  ном дошта ва яке аз неруҳои аршади гуруҳи муқовимати ин минтақа будааст. Лаҳазоте баъд Вазорати беҳдошти Фаластин дар баёнияе шаҳодати Абухадиҷа ҷавони 25 солаи фаластиниро таъид кард.

Радио артиши режими саҳюнистӣ дар гузорише бо ишора ба шаҳодати ин ҷавони фаластинӣ хабар дод, ки ду фаластинии дигар дар амалиёти низомиёни саҳюнистӣ дастгир шудаанд.

Дабири кулли ҷумбиш Фатҳ ба хабаргузории Фаластин гуфт, ки гуруҳи бузурге аз неруҳои артиши ишғолгар субҳи имрӯз бо вуруд ба ба ҷануби шарқи Тулкарам вурудиҳои аслии ин минтақаро масдуд карданд ва ба худравҳову мардум иҷозаи убур надоданд.

Тибқ гуфта дабири кулли ҷабҳаи Фатҳ дар ин замон низомиёни ишғолгар бо муҳосираи хонаи Абухадича ва тирандозии мустақим ба ноҳияи сару поинтана ӯ ин ҷавони фаластиниро дар хонааш террор карданд.

ИсроилРамазонРежими саҳюнистӣФаластиншаҳидшаҳодат
Comments (0)
Add Comment