Сафари Асад ба Русия; дастури корҳо ва абъоди аҳаммияти он

Раисиҷумҳури Сурия асри рӯзи сешанбе (14 март) дар сафари расмӣ вориди Маскав шуду рӯзи чаҳоршанбе низ бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияи дидору гуфтугу кард.

Равобити Русия ва Сурия дар 12 соли ахир раванди рӯ ба густаришӣ доштааст. Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни муборизаи Сурия бо терроризм ба ин кишвар кумаки зиёде анҷом доданд. Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия низ дар солҳои ахир борҳо ба ҳимоятҳои Маскаву Теҳрон аз Димишқ дар мубориза бо терроризм изъон кард. Сафарҳои Асад ба Теҳрону Маскав зимни инки таъкиде барои тақвияти равобити Димишқ бо Эрон ва Русия аст, фурсате барои ройзанӣ бо мақомоти ин кишварҳо дар бораи масоили мухталифи марбут ба Сурия ва минтақа низ аст.
Путин ва Асад охирин бор дар сентябри 2021 замоне, ки раисҷумҳури Сурия ба Маскав омада буд, бо якдигар дидор карданд. Асад пеш аз он низ чандинбор барои гуфтугу бо ҳамтои руси худ ба Маскав сафар карда буд, аз ҷумла дар моҳи майи 2018, ноябри 2017 ва октябри 2015 , раисҷумҳури Сурия ба Русия сафар карда буд. Раисони ҷумҳурии Русия ва Сурия ҳамчунин дар ноябри 2020 як нишасти маҷозӣ баргузор карданд ва дар ибтидои феврали имсол низ телефонӣ гуфтугу карда буданд. Аз сӯи дигар Путин низ тайи солҳои ахир ду бор дар декабри 2017 январи 2020 барои дидор бо Башор Асад ба Сурия сафар кардааст. Ин сафарҳо гуёӣ иштироки назари Димишқу Маскав бар тадовуму тақвияти равобит аст.
Сафари ахири Асад ба Русия аз чанд буъд ҳоизи аҳаммият аст.
Нахуст инки ин аввалин сафари раисиҷумҳури Сурия ба Маскав пас аз ҷанги Украин аст. Сурия аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки аз Русия дар ҷанги Украина дифоъ кард. Башор Асад дар дидор бо Путин бо тақдир аз мавозеи Русия ва ҳимояти он аз ҳокимияту якпорчагии арзии Сурия, гуфт, ин аввалин сафари ман пас аз ҷанги дар Украин аст, бори дигар ҳимояти Сурияро аз Русия дар ҷанг алайҳи нозистӣ, ки Ғарб аз он ҳимоят мекунад, мавриди таъкид қарор медаҳам.
Дуввум инки; ин сафар пеш аз баргузории нишасти чаҳорҷонибаи Эрон, Русия, Туркия ва Сурия анҷом шуд. Пештар манобеи расонаӣ эълон карда буданд, ки муовинони вазирони умури хориҷаи Эрон, Русия, Сурия ва Туркия рӯзҳои 15 ва 16 март дар Маскав дидор хоҳанд кард. Туркия аз кишварҳое аст, ки дар даврони ҷанги Сурия бо террористҳо аз бархе аз гуруҳҳои террористӣ дар муқобили низоми Димишқ ҳимоят карда, дар чанд навбат алайҳи тамомияти арзии Сурия вориди ҷанг шуда буд ва акнун низ бахшҳое аз Сурия дар ишғоли Туркия қарор дорад. Аммо Эрону Русия аз низоми Димишқ дар муқобили террористҳо ҳимоят карданд. Нақши Эрон дар заминаи кумак ба мардуми Сурия танҳо марбут ба эъзоми мусташорони низомӣ ва пуштибонӣ аз давлати Сурия барои муқобила бо гуруҳҳои террористӣ маҳдуд набудаасту Теҳрон ҳамвора саъй карда бо анҷоми фаъолиятҳои дипломатӣ ба ҳали буҳрони Сурия бар асоси таҳаққуқи мутолиботи мардуми ин кишвар гом бардорад. Истиқбол аз нишасти чаҳорҷониба дар бораи Сурия низ аз ҷумлаи ин фаъолиятҳои дипломатӣ аст.
Сеюм инки; ин сафар дар шароите анҷом шуд, ки Туркия дар моҳҳои ахир борҳои хостори одисозии равобит бо Сурия шуд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия декабри соли гузашта ба расонаҳо гуфт, ки аз Путин барои баргузории нишасте сеҷониба бо Асад даъват кардааст. Дар таърихи 28 декабри 2022 ройзании вузарои дифои Русия, Сурия ва Туркия дар Маскав ба унвони бахше аз раванди одисозии равобит байни Анкара ва Димишқ баргузор шуд.

Башор АсадмулоқотРусияСуриятерроризм
Comments (0)
Add Comment