Дидори Сайидҳасан Насруллоҳ бо дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин

Расонаҳои лубнонӣ эълом карданд, ки дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин бо дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дидор кардааст.

Расонаҳои лубнонӣ эълом карданд, ки дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин бо дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дидор кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “ал-Аҳд”,, манобеи хабарӣ аз дидори “Зиёд Нахола”, дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин бо Сайидҳасан Насруллоҳ дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон хабар доданд.

Дар ҷараёни ин дидор ду тараф бар идомаи ройзанӣ ва ҳамоҳангӣ дар ростои тақвияти муқовимат алайҳи режими саҳюнистӣ таъкид карданд.

Ҳамчунин дар ин дидор ду тараф аз амалиётҳои зидд саҳюнистӣ ва ташдиди онҳо тамҷид ба амал оварданд.

Тарафайн таъкид карданд, ки саҳнаҳои беназире, ки миллати Фаластин ва муборизони фаластинӣ дар камоли шуҷоат алайҳи ишғолгарон ва артиши ҷинояткори он рақам мезананд, сутуднӣ аст.

Зиёд Нахола ахиран барои дувумин бор ба унвони дабири кулли ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ интихоб шуд. Ӯ таъкид кард, ки муборизаи мусаллаҳона ва муқовимат дар баробари душмани ишғолгар то таҳаққуқи ормони Фаластин идома хоҳад дошт ва мардуми Фаластин натиҷаи сабр ва истиқомати худро хоҳанд дид.

Зиёд НахолаЛубнонСайидҳасан НасруллоҳФаластинҲизбуллоҳи Лубнон
Comments (0)
Add Comment