32 ҳазор Қуръони бо тарҷума туҳфаи мақомот ба мардум

Мақомоти Тоҷикистон қасд доранд дар арафаи моҳи Рамазон 32 ҳазор китоби муқаддаси Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ ба мардуми Тоҷикистон тӯҳфа кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон қасд доранд дар арафаи моҳи Рамазон 32 ҳазор китоби муқаддаси Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ ба мардуми Тоҷикистон тӯҳфа кунанд.

Дар ин бора “Азия-плюс” бо истинод ба Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иттилоъ медиҳад.

Афшини Муқим гуфтааст 32 ҳазор нусха китоби Қуръон бо сифати баланд дар нашриёти ЭРГРАФ нашр шуда, дар арафаи моҳи Рамазон аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ ва мудирони бахши дини шаҳру ноҳияҳо ба мардуми кишвар тақдим мешавад.

Афшини Муқим зикр намуд:

“Китоби муқаддаси Қуръон ба забони тоҷикӣ аз ҷониби устоди марҳум Маҳмадҷон Умаров тарҷума шудааст ва оид ба дурустии тарҷумаи он аксари олимону коршиносони соҳаи дин хулосаи мусбат додаанд. Аз ин лиҳоз, ҷои шаку шубҳа дар тарҷумаи Қуръон вуҷуд надорад”.

Гуфтанист, ки айни замон як дона китоби Қуръон дар дӯконҳои китобфурӯшӣ ҳудуди 100 сомонӣ ва бештар аз он нарх дорад.

Афшин Муқим гуфт, “бо даст додани имкониятҳои молӣ китоби Қуръон бо теъдоди боз ҳам бештар нашр ва ба мардум ройгон дастрас карда мешавад”.

Сухангӯи Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросим гуфт, ки то соли 2014 дар кишвар атрофи 200 ҳазор нусха китоби Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ нашр шуда буд ва ҳоло талабот бештар шудааст.

Ёдовар мешавем, ки як ҳафта пас, 23-юми март дар Тоҷикистон моҳи Рамазон оғоз мешавад. Хулосаи мазкур имрӯз, зимни як ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар эълон карда шуд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Раёсати гумрук дар вилояти Хатлони Тоҷикистон садҳо ҷилд китоби “Қуръон”-ро дубора ба Афғонистон бозпас гардонидааст.

Ин китобҳоро аввали имсол як соҳибкор мехост ба Тоҷикистон ворид кунад, аммо мақомот онро барои ташхис мусодира карда буданд.

Суҳроб Зокиров, як масъули Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин китобҳои “Қуръон” бидуни ҳамоҳангӣ бо Кумитаи дин оварда шуда буданд ва бинобар ҳамин, онҳоро ба Афғонистон бозпас фиристоданд.

Зокиров гуфт :

“Барои ворид кардани ин китобҳо ягон намуд иҷозатномаи Кумитаи дини Тоҷикистон набуд”.

Ин ниҳод аввали соли ҷорӣ гуфта буд, ки тасмими бозпас гардонидан ё иҷозаи фурӯшаро баъди хулосаи Кумитаи дин ва Кумитаи амният мегиранд.

Мақомот шумораи китобҳоро муаяйн нагуфтанд, вале тақрибан як донааш 2,50 килограм вазн дошта, аз забони арабӣ ба чанд забон баргардон шудааст.

Китобҳои Қуръон, ки вазни умумии он 13 тонна баркашида шудааст, аввали соли 2022 тариқи гузаргоҳи “Панҷи поён” вориди Тоҷикистон шуда буд.

Аз Раёсати гумруки вилояти Хатлон он замон ба хабарнигорон гуфтанд, ки соли 2021 тариқи гузаргоҳи “Кокул”-и Фархор 27 ҳазор ҷилд китоби “Қуръон” вориди Тоҷикистон шуд, ки бозпас ба Афғонистон баргардонида шуд.

Мақомоти Тоҷикистон чанд сол қабл тасмим гирифтанд, аз ин ба баъд ҷиҳати ҷилавгирӣ ва манъи вуруди адабиёти мамнуъ чораҳои қатъӣ андешанд ва китобҳое, ки алахусус аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, дигар мавриди ташхиси махсус қарор гиранд. Ин тасмими мақомот аз сӯи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор гирифта буд.

 

Қуръонмоҳи Рамазонтарҷумаи тоҷикӣТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment