Эрону Беларус мусаммам ба тавсеаи равобит

Раисҷумҳури Беларус, ки барои дидори расмӣ ва гуфтугӯ бо мақомҳои олирутбаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, вориди Теҳрон шудааст, имрӯз (душанбе) мавриди истиқболи Сайид Иброҳими Раисӣ, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор гирифт.

Тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва дар садри онҳо муносиботи иқтисодиву тиҷорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дастури кори Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус дар сафар ба Теҳрон қарор дорад. Раисҷумҳури Беларусро дар ин сафар ҳайате олирутба ҳамроҳӣ мекунад.

Пештар дар ҳошияи иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай дар Самарқанд руасои ҷумҳурии Эрону Беларус ба вузарои хориҷаи ду кишвар маъмурият доданд барои тақвияту таъмиқи муносиботи дуҷониба талош кунанд.

То кунун низ байни ду кишвар дар бораи транзит, тиҷорат, энержӣ, санъат, донишу табодули иттилоот тафоҳумоте анҷом шудаасту таҳияи нақшаи роҳи тавсеаи иқтисодии ду кишвар барои солҳои 2023 то 2026 дар дастури кори мақомоти ду тараф қарор дорад. Бо вуҷуди он ки Беларус ҳамсояи Эрон нест, аммо ҳамонанди Эрон таҳти таҳримҳои Ғарб қарор дорад. Ва аз он ҷо ки дар минтақаи АвруОсиё қарор гирифтаасту мушорикате наздик низ бо Русия дорад, ҷузви кишварҳое маҳсуб мешавад, ки метавонад дар мадори ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ бо Эрон қарор гирад.

Дар ҳоли ҳозир равобити сиёсии Эрону Беларус пойдор ва наздик аст, вале муносиботи иқтисодии онҳо ҳамонанди равобити сиёсӣ густариш наёфтааст. Дар ҳоле ки метавонанд дар минтақаи АвруОсиё бо истифода аз зарфиятҳои муштарак бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.

Пешбинӣ мешавад, бо пайвастани комили Эрон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, 80 дарсади тарофаҳо байни Эрону Беларус ба сифр бирасад, ки ин таъсири муҳим бар муносиботи иқтисодии дуҷониба хоҳад дошт.

Табиист, ки мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон ва Беларус бар тавсеаи равобити сиёсиву иқтисодӣ таъкид доранд ва бар ҳамин асос метавон интизор дошт, ки дар сафари Лукашенко ба Теҳрон, илова бар пайгирии тафоҳумҳои суратгирифтаву баррасии роҳкорҳое бо ҳадафи афзоиши равобити иқтисодиву тиҷорӣ, дар бораи мавзӯоти сиёсӣ, аз ҷумла таҳаввулоти минтақаӣ низ табодули назар шавад.

АвруОсиёАлександр ЛукашенкоБеларусЭрон
Comments (0)
Add Comment