Лукашенко ба Эрон сафар кард

Президенти Белорус дақоиқе пеш дар садри ҳайати баландпояе барои анҷоми сафари ду рӯза вориди Теҳрон шуд.

Александр Лукашенко, президенти Белорус бо даъвати Иброҳими Раисӣ, президенти Ҷумҳурии исломии Эрон вориди Теҳрон, пойтахти ин кишвар шуд.

Сафари Лукашенко ба Теҳрон бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва дидор бо ҳамтои эрониаш ва анҷоми музокирот дар бораи тарҳҳои саноат, кишоварзӣ ва нақлиёт ва ҳамчунин баррасии масоили минтақавию ҷаҳонӣ аст.

Руасои ҷумҳури ду кишвари Эрон ва Белорус дар ҳошияи 16-умин иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай дар Самарқанд ба вазирони хориҷаи ду кишвар маъмурият доданд, ки барои тақвияту таъмиқи муносиботи дуҷониба талош кунанд. Бо ҳамин ҳадаф сарвазири Беларус се моҳ пеш ба Теҳрон сафар карда буд.

Александр ЛукашенкоБелорусИброҳими раисӣТеҳронЭрон
Comments (0)
Add Comment