Таъкиди Қирғизистону Қатар ба тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ

 Дар дидори мақомоти иқтисодӣ ва тиҷории Қирғизистону Қатар дар Доха тавсеаи равобити тиҷорӣ байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар дидори вазири иқтисод ва бозаргонии Қирғизистон бо вазири тиҷорат ва санъати Қатар дар Доха тавсеаи равобити тиҷорӣ байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Донёр Амонгулдеив, вазири иқтисодӣ ва бозаргонии Қирғизистон дар Доха бо Шайх Муҳаммад ибни Қосим Абдуллоҳ Ол Сонӣ, вазири тиҷорат ва санъати Қатар дидор кард.

Амонгулдиев дар мавриди зарфияти тавсеаи равобити дуҷонибаи иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фаннӣ дар чорчуби комиссияи байнидавлатӣ гуфт: «дар ҳоли ҳозир проекти роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Узбакистон дар ҳоли иҷро аст. Ин проект ба Қирғизистон имкони дастрасӣ ба Дарёи Хазар, Халиҷи Форс ва ҳамчунин кишварҳои аврупоиро медиҳад.»

Ҳамчунин таъкид шуд, ки байни кобинаи вазирони Қирғизистон ва Қатар, мувофиқатномаҳои асосӣ бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии имзошуда ва дар ҳоли иҷро аст.

Вай аз алоқаи Қирғизистон ба табодули таҷриба бо Қатар дар заминаи амнияти ғизоӣ аз ҷумла ифтитоҳи марокизи лоҷестикии муштарак ва тиҷорати электруникӣ хабар дод.

Амонгулдиев гуфт: «дар заминаи гардишгарии аҳамияти тасҳили раводид байни кишварҳо мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт ва дар 5 марти 2023 нишасте бо мудири иҷроии “Qatar Airways Group” дар мавриди мавзӯъи ифтитоҳи парвозҳои мустақим байни кишварҳо баргузор шуд.

Вазири тиҷорат ва санъати Қатар низ дар навбати худ нисбат ба тавсеаи бештари равобити тиҷорӣ ва иқтисодии дуҷониба ибрози алоқа кард.

Вай илова кард, ки имкони ифтитоҳи парвозҳои мустақим байни ду кишвар ба манзури густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва ҳамчунин ҳимоят аз тиҷорати бахши хусусӣ ва бахши гардишгарӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

ДоҳаҚатарҚирғизистонмуносиботи иқтисодӣ
Comments (0)
Add Comment