Табдил ёфтани Осиёи Марказӣ ба минтақаи рушди устувори иқтисодӣ

Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар солҳои охир афзоиши назарраси додугирифт ва сармоягузории мустақими хориҷиро нишон медиҳанд.

Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар солҳои охир афзоиши назарраси додугирифт ва сармоягузории мустақими хориҷиро нишон медиҳанд.

Ба гузориши манбаъ: 

Осиёи Марказӣ ба бозори пуриқтидори бо ҳам алоқаманд ва ба минтақаи рушди устувори иқтисодӣ табдил меёбад, гуфт муовини мудири Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии Ӯзбекистон Акрамҷон Неъматов.

Вай дар ин бора зимни конфронси “Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамсоягии нек, дастгирии ҳамдигар, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак”, ки дар Душанбе баргузор шуд, изҳори назар кард.

Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи оқои Неъматов, дар солҳои охир ҳаҷми умумии табодули коло кишварҳои Осиёи Марказӣ ду баробар афзуда, аз 200 млрд доллар гузашт ва воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба минтақа дар соли 2022 ба 40 млрд доллар расид.

Коршинос гуфт:

“Бо вуҷуди ин, мо набояд аз дастовардҳои худ саргарм шавем, зарур аст, ки кори муштарак ба манфиъати таъмини субот ва рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ идома ёбад”.

Вай афзуд, дар шароити феълии буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ кишварҳои минтақа бояд ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо тамаркуз кунанд.

Намояндаи Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии Ӯзбекистон ҳамчунин ба зарурати амиқтар кардани ҳамкориҳои минтақавӣ, ҷалби институтҳои дипломатияи мардумӣ ба муколамаи байни давлатҳо таваҷҷуҳ кард.

Барои ҳамин баргузории анҷуманҳои минтақавии байнипарлумонӣ, ҷавонон, шаҳрвандӣ ва занон бояд хусусияти устувор пайдо кунад.

Дар қатори ташаббусҳои дигари пешниҳодкардаи оқои Неъматов, ташкили фазои ягонаи иқтисодӣ дар асоси платформаи инноватсионии рақамӣ мебошад.

Вай хулоса кард:

“Дар баробари ин муҳим аст, ки минтақаро барои ҷаҳони беруна боз намоем, онро ҳамчун фазои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҳифз кунем”.

Пештар дар хабарҳо омада буд: 

Сарони вазоратҳои кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон дар Ишқобод масоили амнияти ғизоӣ ва истифодаи технологияи безарарро баррасӣ карданд.

Ба гузориши манбаъ:

Вазирони кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ишқобод масоили амнияти ғизоиро баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад телевизиони туркманистонӣ.

Дар ин рӯзҳо дар пойтахти Туркманистон конфронси байнулмилалӣ бахшида ба шарикии кишварҳо дар соҳаи амнияти озуқаворӣ дар баробари тағйири иқлим ҷараён дорад.

Анҷумани дурӯза бо ибтикори раисиҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов таъсис ёфта ва онро ҳукумат дар якҷоягӣ бо Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (СОК) ташкил кардааст.

Дар ҷаласа намояндаи минтақавии СОК дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Владимир Раҳмонин, раҳбарони вазоратҳои дахлдори Туркманистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳамчунин намояндагони Эрон ширкат доштанд.

Дар ин ҷаласа тағйирёбии иқлим, ки таҷрибаҳои анъанавии кишоварзиро тағйир медиҳад, низ баррасӣ шуда, аҳамияти дидани чораҳои таъҷилӣ муҳокима карда шудааст.

Яке аз унсурҳои муҳими таҳкими амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла фаъолияти мунтазами истеҳсолоти ҷаҳонии кишоварзӣ, устувории занҷирҳои нақлиёти озуқаворӣ муайян карда шуд.

Коршиносон ҳамчунин зарурати ҷорӣ кардани фановариҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи “сабз”-ро ба манзури кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ баррасӣ карданд.

Яке аз василаҳои иҷрои ин вазифа метавонад Маркази минтақавии технологияҳои иқлимӣ барои Осиёи Марказӣ бошад, ки ташаббуси таъсиси он таҳти сарпарастии СММ ба Туркманистон тааллуқ дорад.

 

иқтисодОсиёи марказӣ
Comments (0)
Add Comment