Музокираи вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Туркманистон

Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Туркаманистон бахшҳои гуногуни муносиботи дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Музокироти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Рашид Мередов, муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайраро баррасӣ намуда, доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

Диққати махсус ба рафти омодагӣ ба сафари давлатии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, ки дар нимаи аввали моҳи апрели соли 2023 пешбинӣ шудааст, зоҳир карда шуд.

Роҳбарони мақомотҳои хориҷӣ ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки моҳи сентябри соли 2023 дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Музокирот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва созанда сурат гирифт.

Рашид МередовСироҷиддин МуҳриддинТоҷикистонТуркманистон
Comments (0)
Add Comment