Теъдоди қурбониёни заминларзаи Туркия ва Сурия аз 52 ҳазор нафар гузашт

Тибқи охирин омор теъдоди қурбониёни заминларзаи маргбори ахир дар Туркия ва Сурия ба 52 ҳазору 18 нафар расидааст.

Расонаҳои хабарӣ теъдоди ҷонбохтангони зилзилаи вайронгари ахир дар Туркия ва Сурияро беш аз 52 ҳазор нафар эълон карданд.

Рӯзи гузашта президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон теъдоди қурбониёни заминларзаи ахири кишварашро 46 ҳазору 104 нафар эълон кард.

Вай таъкид кард, ки давлаташ талош дорад то ним миллион нафар аз бозмондагони ин зилзиларо дар хонаҳои аз пешсохта ҷой диҳад.

Ҳамчунин дар пайи заминларзаи мазкур теъдоди 5 ҳазору 914 нафар дар Сурия ҷонбохтаанд. Бар ин асос маҷмуъи кушта шудагон дар Сурия ва Туркия ба 52 ҳазору 18 нафар расидааст.

Президенти Туркия рӯзи гузашта дар нишасти хабарии худ гуфт, ки бо гузашта тақрибан як моҳ аз ин ҳодиса бузургии ин фоҷиа беҳтар фаҳмида мешавад ва дарду осеби ин ҳодисаро бештар ҳис мекунем.

заминларзазилзилаСурияТуркия
Comments (0)
Add Comment