Сабти тазоҳурот алайҳи Нетаняҳу ҷо ба ҷо шуд / 250 ҳазор мӯътариз дар хиёбонҳо

Шомгоҳи гузашта шаҳрҳои мухталиф дар сарзаминҳои ишғолӣ саҳнаи тазоҳуроти садҳо ҳазор нафар алайҳи Бенямин Нетаняҳу нахуст вазири режими саҳюнистӣ буд.

Ба гузориши манобеи ибрӣ забон, садҳо ҳазор нафар шомгоҳи шанбе дар нӯҳумин ҳафтаи тазоҳурот алайҳи Нетаняҳу, муҷаддадан алайҳи нахуст вазири режем саҳюнистӣ ва кабинаи ифротгарой вай ба хиёбонҳо омада ва даст ба тазоҳурот заданд.

Ин манобеъ таъкид карданд, ки дар шаҳри Телавив ҳудуди 200 ҳазор нафар, дар Ҳайфо ҳудуди 30 ҳазор нафар, дар Ҳерзлия 12 ҳазор нафар, дар Ашдод 4 ҳазор нафар ва даҳҳо ҳазор нафари дигар низ дар дигар манотиқ ва шаҳрҳо алайҳи Нетаняҳу ва сиёсатҳои кабинаи вай ба вижа ислоҳот дар низоми қазоӣ даст ба тазоҳурот заданд.

Тасовири мунташир шуда аз шаҳр Телавив баёнгари густурдагии тазоҳуроти ин ҳафта буд. Мӯътаризони хашмгин зимни сардодани шиор алайҳи Нетаняҳу, бо полиси режими саҳюнистӣ даргир шуданд.

Итамар Бен Говер, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ дар пайи оғози ин тазоҳурот ба полиси режими саҳюнистӣ дастур дод, ки вуруди хиёбонҳои аслиро масдуд намоянд.

Полиси режими саҳюнистӣ бо истифода аз бомбаҳои савтӣ ва неруҳои савор бар асб саъй кард, ки мӯътаризонро мутафарриқ карда ва онҳоро аз пешравӣ боздорад.

Манобеи саҳюнистӣ эълом карданд, ки ин тазоҳурот бо тамаркуз бар хиёбони Кобулан дар маркази Телавив оғоз шуд ва сипас ба дигар манотиқ густариш ёфтааст.

Бинобар ин гузориш, даҳҳо шаҳр дар арозии ишғолӣ илова бар Телавив шомгоҳи гузашта саҳнаи ошуби мухолифон алайҳи Нетаняҳу буд. Ҳайфо, Қудси ишғолӣ, Ҳерзлия, Рамат Ҳашарон, Кирят Табун, Кфар Саба, Раҳофот, Нес Тиуна, Раанана, Беэршеба ва Холон аз ҷумлаи ин шаҳрҳо буд, ки бо ҳузури густурдаи 250 ҳазор нафарии мӯътаризон, рекорди тазоҳуроти гузаштаро ҷо ба ҷо карданд ва бузургтарин тазоҳурот алайҳи Нетаняҳу тайи солҳои ахирро ба сабт расонданд.

Яке аз таҷаммӯъоти густурда шомгоҳи гузашта дар баробари манзил, Яриё Левин вазири додгустарии кабинаи Нетаняҳу дар минтақаи Мудиин баргузор шуд, шахсияте, ки гуфта мешавад тарҳи ислоҳоти қазоиро пешниҳод карда ва тасвиби ниҳои онро пайгирӣ мекунад.

Полиси режими саҳюнистӣ низ шомгоҳи гузашта боҳзури густурда дар хиёбонҳо, талош кард, ки аз интиқоли тазоҳурот ба марокиз ва хиёбонҳои аслии шаҳрҳо ҷилавгирӣ кунад, аммо ҳузури густурдаи мухолифони Нетаняҳу, талошҳои онҳоро ноком гузошт.

Манобеи ибрӣ даргирии полиси режими саҳюнистӣ бо мӯътаризоне, ки дар ҳоли ҳаракат ба сӯи мақарри иқомати Нетаняҳу будандро бисёр шадид тавсиф кардаанд.

Сара Нетаняҳу ҳамсари нахуст вазири режими саҳюнистӣ дар ҳоле, ки дар як ороишгоҳ дар Телавив ҳузур дошт, бо ҳамлаи мӯътаризон мувоҷеҳ шуд. Полиси режими саҳюнистӣ пас аз чанд соат бо вуруд ба ин минтақа, тавонист муҳосираи ороишгоҳ аз сӯи мӯътаризонро шикаста ва ҳамсари Нетаняҳуро ба саломат аз маҳал хориҷ кунад.

Ин рӯзҳо манобеи ибрӣ дар шароите аз ҳузури қариб ба 250 ҳазор мӯътариз дар хиёбонҳои Телавив, Қудси ишғолӣ ва дигар шаҳрҳо хабар медиҳанд, ки ин шумор аз мӯътаризон дар муқоиса бо тазоҳуроти гузашта алайҳи Нетаняҳу, амри бесобиқа маҳсуб мешавад.

Ҷудои аз ихтилофоти сиёсӣ ва ҷиноҳии ҷараёни мухолифи Нетаняҳу, ки қишри бузург аз ҷомеаи саҳюнистиро намояндаги мекунанд ва парвандаҳои мутааддиди фасоди вай, амре, ки дар ин бурҳаи тазоҳурот алайҳи Нетаняҳуро ташдид карда, мавзӯи ислоҳоти қазоӣ маддиназари вай аст.

Лозим ба зикр аст, ки Кнессети режими саҳюнистӣ ҳафтаи гузашта қонуни манъи азли Нетаняҳу нахуст вазири ин режем ба рағми тазоҳуротҳои саросарӣ алайҳи вайро ба тасвиб расонд ва ҳамин амр мӯҷиби ба хиёбон рехтани мухолифони Нетаняҳу шудааст. Қонун ислоҳоти қазоӣ маддиназари Нетаняҳу низ ду ҳафта пеш дар қироати нахуст таъйид шуд то барои ниҳоӣ шудан ба ду бор қироати дигар, ниёз дошта бошад.

Бенямин НетаняҳуРежими саҳюнистӣсаҳюнистӣТазоҳурот
Comments (0)
Add Comment