Хидмати пулакии ҳазор ҷавон бо 27 млн сомонӣ

1 ҳазор ҷавони тоҷик моҳи январи соли равон бо пардохти қариб 27 млн сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро адо кардаанд.

1 ҳазор ҷавони тоҷик моҳи январи соли равон бо пардохти қариб 27 млн сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро адо кардаанд. Барои ин ҳар як ҷавон 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки баробар ба 26 ҳазору 880 сомонӣ аст (як нишондиҳанда дар соли 2022-юм 64 сомонӣ), пардохт намудааст.

Дар ин  Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифоъ бора ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ маблағҳо ба буҷет пеш аз соли нав бо меъёри як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар соли гузашта 64 сомонӣ буд, пардохт гардид. Аз 1-уми январи соли 2023 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ муқаррар гардид.

Фаридун Маҳмадализода гуфт: “Ин ҷавонон хидмати ҳарбиро дар марказҳои ҳарбии таълимии “Лоҳур” ва “Тоҷмаҳал”-и шаҳри Душанбе, пойгоҳи маркази таълимӣ-ҳарбии “Фахробод”-и вилояти Хатлон ва пойгоҳи таълимӣ – ҳарбии филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дар вилояти Суғд адо карданд”.

Тибқи муқарароти қонуни нав, ҷавонон барои адои ин навъи хидмат ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист муроҷиат намуда, баъди пардохти маблағ дар БДА ҶТ “Амонатбонк” ба омӯзиш ҷалб мегарданд.

Ба иттилои ӯ, ин ҷавонон дар ду баст ба хидмат ҷалб гардиданд: як қисм аз охири моҳи декабри соли 2022 то 18-уми январи соли 2023 ва қисми дуввум аз 20-уми январ то 10-уми феврал хидмати ҳарбиро адо карданд ва соҳиби билети ҳарбӣ гардиданд.

Фаридун Маҳмадализода афзуд, маблағи пардохтгардида барои бунёди қисмҳои ҳарбии алоҳида дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ, ташкили пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, таъмиру тармими онҳо, пардохти маоши афсарону кормандони таълимдиҳанда, хароҷоти маъмурӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии дигар хизматчиёни ҳарбӣ равона мегардад.

Гуфта мешавад, ки танҳо дар ду ҳолат маблағи пардохтнамудаи даъватшавнада баргардонида мешавад: дар ҳолати ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудан ва фавт ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ.

Бояд гуфт, ки дар даъвати баҳории соли гузашта 1 ҳазору 200 ҷавони тоҷик бо пардохти 32 млн. 256 ҳазор сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро адо карда буданд.

артишоблаваТоҷикистонхидмати пулакӣ
Comments (0)
Add Comment