Бо камбуди шадиди силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ рӯбарӯ ҳастем

Зеленский муддаӣ камбуди силоҳ ва муҳиммот дар миёни неруҳои артиши Украина аст ва дар ин иртибот гуфтааст: бо камбуди шадиди силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ рӯбарӯ ҳастем.

Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, “Владимир Зеленский”, раиси ҷумҳури Украина рӯзи ҷумъа гуфт, ки неруҳои мусаллаҳи Украина дар майдони ҷанг бо камбуди шадиди силоҳ, муҳиммот, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва танк мувоҷеҳ ҳастанд.

Зеленский дар як конфронси матбуотии муштарак бо ҳамтои Латвияи худ, “Эглис Лотус Инлув”, муддаӣ шуд, ки ба далели камбуди таслиҳот ва муҳиммот, Ғарб бояд ирсоли силоҳ ба Украинаро тасреъ бахшад.

Зеленский гуфт: «тӯпхонаи аввалин чизе аст, ки мо ба он ниёз дорем. Ҳам системҳо ва ҳам муҳиммот, гулӯлаҳо дар мақодири зиёде мавриди ниёзи артиши мост.»

Ӯ муддаӣ шуд, ки Украина ба тӯпхона ниёз дорад на барои ҳамла ба хоки Русия, балки барои пас гирифтани манотиқе, ки Киев ҳамчунон онро мутааллиқ ба худ медонад. Илова бар ин, Зеленский камбуди ҳавопаймоҳои ҷангиро эълом кард. Ӯ хотирнишон кард: мо ба ҳавопаймо ниёз дорем.

Раиси ҷумҳури Украина ҳамчунин ба камбуди танк дар неруҳои украинӣ изъон кард. Ӯ гуфт: «ман мӯътақидам, ки ҳар иттифоқе биафтад, неруҳои артиши мо танкро ба даст хоҳанд овард. Неруҳои мусаллаҳи мо дар ҳоли ҳозир дар ҳоли омӯзиш ҳастанд, ба зудӣ ин иттифоқ хоҳад афтод.»

Зеленский дар посух ба саволи як хабарнигор дар мавриди чигунагии тасреи ирсоли таслиҳот ба Киев, хотирнишон кард, ки лозим аст дар мавриди камбуди таҷҳизот ва таслиҳот дар расонаҳо ба таври умумӣ ва бештаре сӯҳбат шавад.

Ӯ гуфт: «кишварҳое, ки ба мо кумак мекунанд метавонанд анвои мухталифи таслиҳотро аланан пуштибонӣ кунанд. Ҳеҷ рози дигаре дар мавриди инки мо чӣ силоҳҳои дорем вуҷуд надорад.» хабарнигоре, ки ин саволро пурсид, фош кард, ки бо сарбозони украинӣ дар Артёмовск сӯҳбат кардааст ва сарбозон ба ӯ аз камбуди силоҳ, муҳиммот, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва ҳеликуптер сухан гуфтанд.

Иддаои раиси ҷумҳури Украина дар бораи камбуди таслиҳот ва таҷҳизоти низомӣ дар ҳоле аст, ки Антони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа гуфт, ки давлати Байден як бастаи низомии ҷадиди 400 миллион доллариро барои Украина ихтисос додааст. Блинкен гуфт, ки ин бастаи кумакӣ шомили муҳиммот барои худравҳои ҷангии Хаймарс, Гаубитс ва Брэдли аст.

Блинкен дар ин иртибот гуфт: «бар асоси тафвизи ихтиёрот аз сӯи раиси ҷумҳур Байден, ман муҷаввизи сию севумин бастаи кумакии Амрико ба Украинаро содир мекунам.»

Пеш аз эъломи ин бастаи кумакӣ, Антони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико имрӯз ҷумъа бо Димитро Колеба, ҳамтои Украинии худ дар бораи нишасти дирӯзш бо Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия гуфтугӯ карда буд. Дар ҳамин иртибот, Нед Пройс, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт: Антони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико бо ҳамтои Украинии худ дар хусуси ройзании дирӯзш бо вазири хориҷаи Русия табодули назар кард.

АмрикоВладимир ЗеленскийРусиясилоҳтаҷҳизоти низомӣУкраина
Comments (0)
Add Comment