Тағйири сиёсатҳои Саудӣ дар қиболи Яман ва Сурия

Нашрия таҳлилии “Экономист” дар гузорише ба тағйири сиёсати минтақавии Арабистон ишора ва тасреҳ кард, ки Риёз, ба дунболи созиш бо давлати Сурия ва Ансоруллоҳи Яман аст; Ду неруе, ки солҳо алайҳашон ҷангидааст.

Нашрия таҳлилӣ-хабарии “Экономист” гузорише аз тағйир дар сиёсати хориҷии Арабистони Саудӣ дар қиболи мухолифони минтақавиаш нашр кард.

Ин нашрияи биритониёӣ навишт, Риёз аз роҳбурди хусумат бо кишварҳои минтақа ва талош барои сарнагунии низомҳои онон (барои мисол дар Сурия ва Яман) ба сиёсати мусолиҳа рӯй овардааст. Ин маҷаллаи англисӣ тасреҳ кард: дипломатҳо ба нудрат шикастро мепазиранд, аммо ин дақиқан ҳамон корест, ки вазири хориҷаи Арабистон дар 18 феврал дар конфронси Амниятии Муних анҷом дод.

Дар ин гузориш омадааст, ки подшоҳи Саудӣ ба дунболи ин буд, ки Башшор Асадро, ки диктатори Сурия бо дастони хунолуд тавсиф мекард, дар инзиво ва матруд нигоҳ дорад. Шоҳзода Файсал ибни Фараҳон, вазири умури хориҷаи Арабистон зимни ҳузураш дар Конфронси Амнияти Муних 2023, ва дар посух ба саволе дар робита ба овозаҳо дар бораи инки кишвараш мумкин аст масири худро тағйир диҳад, баён кард, ки талош барои инзивои Асад ба поён наздик шудааст. Ў дар идома гуфт: “Иттиҳод вуҷуд дорад, ки ин вазъият дигар қобилияти иҷроӣ надорад”.

Бар асоси гузориши ин нашрияи англисӣ, тайи даҳаи гузашта, Арабистони Саудӣ даҳҳо миллиард доллар барои сарнагунии Яман ва Сурия ҳазина кардааст. Дар моҳҳои оянда, эҳтимолан Риёз эътроф хоҳад кард, ки дар ҳар ду ҷабҳа, шикаст хӯрдааст. Ин ба он далел нест, ки саудиҳо ба мухолифони худ тамоюл пайдо кардаанд; Балки нишонаи дигаре аз ин аст, ки чигуна подшоҳе, монанди бархе дигар аз ҳамсоигонаш дар Халиҷи Форс, ғолибан бақияи ҷаҳони арабро манбаи музоҳимат ва ранҷ мебинад.

Бино бар ин нашрияи англисӣ, саудиҳо аз ҳомиёни аввали қиём алайҳи Асад буданд ва аз соли 2012 ба ирсоли силоҳ ва пул барои ошӯбгарони сурӣ оғоз карданд. Ии ошӯбгариҳо бо шикаст ба поён расид: силоҳҳои кишварҳои атрофи Халиҷи Форс ва Ғарб натавонист бо сармояҳои роҳбурдии Эрон ва баъдан Русия, ки чандин баробар бештар аз таҷҳизоти онҳо буд, баробарӣ кунад.

Экономит афзуд: Аммо ҳатто пас аз пирӯзии Асад дар ҷанг, саудиҳо (ҳамроҳ бо қатр) аз барқарории муҷаддади равобит бо Димишқ ва ё ҳатто иҷозаи бозгардондани узвияти Сурия дар иттиҳодия Араб худдорӣ карданд; Узвияте, ки дар соли 2011 дар Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ барои Димишқ ба ҳолати таълиқ даромад. Ҳоло ин кишварҳо дигар исрор бар ин мавзеъ надоранд. Шоҳзода файсал гуфт, ки дигар дипломатҳои Халиҷи Форс ба таври шахсӣ мӯътақиданд, ки дигар ҳеҷ масири равшане барои барканории Асад вуҷуд надорад.

Арабистони СаудӣСурияЯман
Comments (0)
Add Comment