Боздошти 12 муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Доғистон

Шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели нақзи қавонини будубош дар ҷумҳурии Доғистон феълан дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ қарор доранд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели нақзи қавонини будубош дар ҷумҳурии Доғистон феълан дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ қарор доранд.

Ба гузориши манбаъ:

Дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Доғистон 12 муҳоҷир аз Тоҷикистон қарор доранд.

Дар ин бора агентии “Ховар” бо истинод ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хаар дод.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Доғистон қовонини будубошро нақз намудаанд ва ба ин хотир ҳоло дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранд.

Манбаъ меафзояд, Ҷамол Алиев ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба ҳамтои Доғистонии худ барои баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан мактуб ирсол намудааст.

Гуфта мешавад, ҳоло масъалаи барқарор намудани ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият ва ба ватан баргардонидани онҳо баррасӣ мешавад.

Ҷамол Алиев иброз доштааст, ки раванди мазкур зери назорати ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Доғистон қарор дорад.

Зикр гардид, ки шароити нигаҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон дар Доғистон хуб аст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Русия афзоиш ёфтааст, вале онҳо чун пештара бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Олтиной Омурбекова изҳорот дар бораи даст кашидан аз ҷалби нерӯи кории хориҷӣ, ки қаблан аз ҷониби ноиби мири Маскав Андрей Бочкарев садо дод, шарҳ дод.

Омурбекова дар бораи вазъи муҳоҷирон дар чорчӯби нишасти маҷозии Маскав – Бишкек – Минск – Ереван – Нур-Султон сухан гуфт.

Вай гуфт :

“Шояд ин маънои онро дошт, ки дар робита ба автоматикунонии равандҳо ҷойҳои корӣ ихтисор карда мешаванд. Ин тавр ҳам бошад, вазифаи комиссияи мо аз он иборат аст, ки дар ташкили бозори мутамаддини меҳнат, ҷалби муташаккилонаи коргарон ва мондани онҳо дар кишварро фароҳам кунем”.

Соли 2021 ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ нисбат ба соли 2020 се баробар афзоиш ёфтааст, ки ин ду баробар аз нишондиҳандаҳои соли пеш аз пандемия бештар мебошад.

Бо вуҷуди ин, муҳоҷирон аз кишварҳои Авруосиё пайваста бо мушкилоте рӯбарӯ мешаванд, ки будубоши онҳоро дар кишвар душвор мегардонанд. Масъалаи бақайдгирӣ, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан ва суғуртаи тиббӣ мубрамтарини онҳост.

Мушкили аслӣ дар он аст, ки барои муҳоҷирон тайи 30 рӯз барои бархеи дигар дар муддати 14 рӯз, сабти ном кардан, мушкил аст ва на ҳама соҳибхонадорон омодаанд дар ин кор ба онҳо кумак кунанд.

Ба ин далел, пайгирӣ кардани иҷорагирони ғайриқонунӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо барои вайрон кардани қавонини муҳоҷират қариб ғайриимкон мегардад. Масъалаи дастрасӣ ба суғуртаи ҳатмии тиббӣ низ, боз боқӣ мемонад.

 

Доғистонмуҳоҷири тоҷик
Comments (0)
Add Comment