Ҳамлаи Исроил ба Сурия дар авҷи буҳрони зилзила

Режими саҳюнистӣ бомдоди якшанбе бори дигар ба Димишқ - пойтахти Сурия ҳамла кард.

Мутобиқи хабарҳои мунташиршуда, дар ин ҳамла ҳудуди 20 нафар кушта ва захмӣ шуданд. Падофанди ҳавоии Сурия низ муваффақ ба раҳгирии чанд мушаки Исроил шуд.

Агарчӣ бархе расонаҳои ибризабон муддаӣ шуданд, ин ҳамла алайҳи таъсисоти Эрон дар Сурия анҷом шудааст, аммо манобеи Сурия эълон карданд, ки ҳеҷ сохтмони эронӣ мавриди ҳамла қарор нагирифтааст ва дар ин ҳамла режими саҳюнистӣ манотиқи маскунӣ ва ғайринизомиён ҳадаф қарор гирифтаанд.

Мавзӯи дигар ин аст, ки ин ҳамла чанд рӯз пас аз ҳамла ба киштии Eyal Ofer, миллиардери исроилӣ дар халиҷи Форс анҷом гирифт. Ба иборате режими саҳюнистӣ дар садади интиқоли ин паём аст, ки ин ҳамла посухи мутақобил будааст.

Бо ин ҳол он чӣ ки ин иддаоро нақз мекунад, ин аст, ки ҳамлаи бомдоди якшанбеи режими саҳюнистӣ ғайринизомиёнро мавриди ҳадаф қарор доду манотиқи маскунӣ дар ҳумаи Димишқ ҳадафи мушакҳои саҳюнистӣ қарор гирифт.

Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки ин ҳамла ҳамзамон бо шиддат гирифтани буҳрони дохилӣ дар арозии ишғолӣ анҷом шуд. Мардуми сарзаминҳои ишғолӣ дар эътироз ба иқдомоте, ки кабинаи Бенёмин Натанёҳу алайҳи дастгоҳи қазо анҷом медиҳад, як ҳафта паёпай тазоҳурот баргузор карданд.

Ин тазоҳурот нишон медиҳад, ки кабинаи Бенёмин Натанёҳу вазъияти ба шиддат шикананда дорад, зеро даҳҳо ҳазор нафар дар тазоҳуроти зиддикабина ширкат карданд. Бинобар ин, ба назар мерасад, ки Бенёмин Натанёҳу бо ҳадафи инҳирофи афкори умумии дохилии арозии ишғолӣ ҳамлаи ҷадид алайҳи Сурияро тартиб додааст.

Таҷрибаҳои гузашта нишон медиҳад, чунин иқдомоте наметавонад ба коҳиши буҳрон дар арозии ишғолӣ мунҷар шавад.

Мавзуи муҳими дигар ин аст, ки ҳамлаи режими саҳюнистӣ алайҳи Сурия дар шароите анҷом гирифт, ки ин кишвар бо хисоратҳои сангини ношӣ аз зилзилаи 7. 8 риштерӣ мувоҷеҳ аст, ки то кунун беш аз 5 ҳазор кушта ва ҳазорон захмӣ ва гумшуда доштааст.

Давлати Сурия низ машғули кумакрасонӣ ба зилзилазадагон аст. Ин ҳамла нишон медиҳад, ки асосан режими ишғолгари Қудс ҳеҷ таваҷҷуҳе ба буҳронҳои инсонӣ надорад. Илова бар ин, ҳамлаи режими саҳюнистӣ ҳамзамон бо ҳамлаи террористҳои ДИИШ ва баҳрабардории онҳо аз вазъияти зилзила дар Сурия анҷом шуд, ки нишон медиҳад миёни режими саҳюнистӣ ва терроризми ДИИШ пайванди мустақим вуҷуд дорад.

Дар ҳамин росто, Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба таволии ҳамалоти ҷадиди режими саҳюнистӣ ва ҳамалоти гурӯҳаки террористии ДИИШ алайҳи миллати Сурия, пайванду ҳамоҳангии ин ду мавҷудияти террористиро пайванде табиӣ ва зотӣ хонд, ки дар шароити мувоҷеҳаи миллати Сурия бо осори зилзилаи вайронгари ду ҳафтаи қабл, дар садади ташдиди ранҷу мусибати мардуми ин кишвар ҳастанд.

Ҳамлаи бомдоди якшанбеи режими саҳюнистӣ ба Сурия собит мекунад, ки буҳронҳои инсонӣ ҳам барои ин режим ба андозаи фурсате барои таҳаққуқи аҳдофи сиёсиву ҷинояткоронаи он аст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ҳамчунон сукутро дар муқобили ин ҷиноятҳо дар пеш гирифтааст.

ДИИШзилзилаИсроилСурия
Comments (0)
Add Comment