Ду заминларзаи 4.3 ва 4.5 дараҷаӣ Туркияро ларзонд

Мақомоти давлатии Туркия имрӯз якшанбе эълом карданд субҳи имрӯз ду заминларза шаҳрҳои Қаҳрамон Мареш ва Газиантепро ларзондааст.

Мақомоти давлатии Туркия имрӯз якшанбе эълом карданд субҳи имрӯз ду заминларза шаҳрҳои Қаҳрамон Мареш ва Газиантепро ларзондааст.

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Ҷазира”, мудирияти маркази ҳаводиси изтирории Туркия (Офод) эълом кард чанд соат пеш ду заминларза ба бузургии 4.3 ва 4.5 дараҷаӣ ду шаҳри зилзилҳзадаи Қаҳрамон Мареш ва Газиантепро ларзондааст.

Ҳанӯз гузорише дар бораи хисорат ва талафоти эҳтимолии ин ду заминларза эълом нашудааст.

Мудирияти маркази ҳаводиси изтирории Туркия (Офод) дирӯз шанбе эълом кард теъдоди ҷонбохтагони заминларзаи ахир ба 40 ҳазор ва 642 нафар афзоиш ёфтааст.

Дар пайи вуқӯъи заминларзаи 7.7 дараҷаӣ дар манотиқи ҷануби Туркия, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раиси ҷумҳури ин кишвар дастури эъломи вазъияти изтирорӣ дар 10 устонро содир кард, ки аз чаҳоршанбе гузашта иҷроӣ шуда. Устонҳо ва вилоятҳои “Адана, Адиаман, Диярбакир, Газиантеп, Қаҳрамон Мареш, Килис, Малатия, Усмония, Хатай ва Шанлиурфа”. 10 устоне ҳастанд, ки дар онҳо эъломи вазъияти изтирорӣ шудааст.

Эъломи вазъияти изтирорӣ дар минтақа мӯҷиби афзоиши ихтиёроти мақомоти маҳаллӣ ва ниҳодҳои муҷрии қонун мешавад ва давлат низ метавонад барои пешбурди беҳтари умур, иҷрои бархе қавонин дар ин манотиқро таълиқ ва ё қавонини ҷадиде вазъ кунад.

Бомдоди душанбе заминларзаи бузурге манотиқи ҷануби Туркия ва шимоли Сурияро ба шиддат ларзоанд. Хабаргузории Фаронса ба нақл аз муассисаи ларзҳнигории Амрико шиддати ин заминларзаро 7.9 дараҷа ва дар ҷануби Туркия эълом кардааст.

Аммо мудирияти изтирорӣ ва балоёи табиӣ Туркия тоъед кард, ки заминларзае ба бузургии 7.4 дараҷа минтақаи Пазаржики Қаҳрамон Мареш, дар ҷануби Туркияро ларзоанд. Ин созмони туркияӣ дар баёнияи дувуми худ эълом кард бузургии ин заминларза 7.7 дараҷа будааст.

Ҳамзмон хабарнигори “Ал-Амёдин” ҳам эълом кард, ки сокинони устонҳои Лозқия, Ҳалаб ва Ҳумс, то Димишқ дар Сурия шиддатти ин замин ларзаи бузургро эҳсос карданд. Гуфта шуда дар соати бомдодӣ, теъдоди зиёде аз сокинони Димишқ ва устонҳои Лозқия, Ҳалаб ва Ҳумс аз тарси тарк хӯрдагӣ ё резиш ба хиёбонҳо гурехтанд.

ДимишқзаминларзаСурияТуркия
Comments (0)
Add Comment