Таҳрим натавонист миллати Эронро мутаваққиф кунад

Раисҷумҳури Исломии Эрон гуфт, душманон мехостанд бо таҳрим, миллати Эронро мутаваққиф кунанд, аммо миллату ҷавонони эронӣ, дучори кундӣ ва истоӣ нашуданд.

Саид Иброҳим Раисӣ, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи CGTN Чин, ки бахше аз он мунташир шудааст, дар бораи таҳримҳои Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ зидди Эрон гуфт, дар воқеъ ин ҳамон ҷанг аст, аммо абзори он иваз шудааст, дирӯз абзори низомӣ буд, имрӯз абзори таҳрим аст ва онҳо бисёр бераҳмона ин таҳримҳоро дунбол мекунанд.

Вай афзуд, душманони миллати Эрон ҳатто дорурое, ки мавриди ниёзи беморон аст, таҳрим кардаанд, ҳатто барои беморони парвонаӣ, ки бачаҳо ба он мубтало ҳастанд ва барои хонаводаҳояшон бисёр заҷровар аст, доруҳои мавриди ниёзашонро таҳрим кардаанд.

Раисӣ таъкид кард, ҳамаи мардуми дунё хуб медонанд, ки таҳримҳо натиҷааш фишор овардан бар мардум аст, онҳо дар сухан инро эълон мекунанд, ки таҳримҳо ба хотири фишор овардан бар ҳукӯмати Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, аммо натиҷаи ин таҳримҳо дар зиндагии мардум аст.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба суоле мабнӣ бар инки оё аз назари ӯ, тафовуте миёни давлати Ҷо Байден ва давлати Доналд Трамп дар заминаи сиёсатҳои таҳримӣ дар қиболи Эрон вуҷӯд дорад ё на, тасреҳ кард, ончӣ дар рафтори ҳокимони феълӣ мушоҳида мешавад, тафовуте бо рафтори ҳокимони қаблӣ надорад.

Баназар мерасад, ҳамчунон ки онҳо дунболи таҳрим буданд, инҳо ҳам дунбол таҳрим ҳастанд.

Саид Иброҳим Раисӣ дар бораи раванди эҳёи тавофуқи ҳастаӣ ҳам гуфт, Эрон ба дунболи тавофуқи хуб аст, аммо онҳо чунин тавофуқеро дунбол намекунанд, ҳам аҳдшиканӣ карданд ва аз Барҷом хориҷ шуданд, ҳам мизи музокираро тарк карданд ва эълон карданд ба ҷои мизи музокира,мехоҳанд дар хиёбон ва бо эҷоди ошӯбу иғтишош аҳдофи зидди эрониро дунбол кунанд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даъвати расмии раисиҷумҳури Чин сешанбе 14 феврал ба ин кишвар сафар ва бо раисиҷумҳурӣ нахуствазир ва раиси Конгресси миллии халқии Чин дидор ва дар бораи густариши ҳамкориҳои дукишвар дар заминаи мухталиф гуфтугу ва табодули назар кард.

АмрикоБАРҶОМСаид Иброҳим РаисӣЧинҶо БайденЭрон
Comments (0)
Add Comment