Русия ваъдаи Нобели Амрико ба Нетаняҳуро ба сухра гирифт

Мария Захарова изҳороти Вазорати хориҷаи Амрико дар хусуси эътои ҷоизаи сулҳи Нобел ба Бинямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроилро ба сухра гирифт.

Расонаҳои хабарӣ гузориш доданд, ки Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия бо тамасхур изҳороти Виктория Нолен, муовини вазири умури хориҷаи Амрико дар умури сиёсӣ дар хусуси эътои ҷоизаи Нобел ба Бинямин Нетаняҳу, сарвазири режими ҷинояткори саҳюнистӣ, зимни ибрози тааҷҷуб аз ин изҳорот гуфт: намедонистам Нолен дар бораи эътои ҷоиза Нобел тасмим мегирад.

Бар асоси ин гузориш, Захарова дар канали телеграмии худ хитоб ба ин мақоми амрикоӣ навишт: беҳтарин кор, ҳаллу фасли муноқиша дар Ховари Миёна ва барпойи комили кишвари Фаластин аст. Иттифоқан ман намедонистам, ки Нолен касе аст, ки тасмимоти Кумитаи Нобелро мегирад!

Қобили зикр аст, ки муовини вазири умури хориҷаи Амрико дар умури сиёсӣ ба Нетаняҳу қавл додааст, ки дар сурати розӣ кардани Владимир Путин, раисҷумҳури Русия барои хуруҷи неруҳои ин кишвар аз Украина, ҷоиза сулҳи Нобел ба ӯ эъто хоҳад шуд.

Ин изҳороти Захарова дар ҳоле аст, ки Александр Заспекин дипломати собиқи Русия, панҷшанбе дар гуфтугӯ бо расонаҳо тайид кард: “тамоюли Исроил ба ҳимоят аз Киев аз муддати пеш зоҳир шудааст ва ин мавзӯи ҷадиде нест.”

Чанд рӯз пеш низ Бенямин Нетаняҳу дар гуфтугӯ бо як шабакаи телевизионии фаронсавӣ фош кард, ки кобинаи ӯ дар ҳоли баррасии имкони таъмини сомонаи зиддимушакии гунбади оҳанин барои Украинааст.

АмрикоИсроилНобелРусия
Comments (0)
Add Comment