261 соат зинда дар зери харобаҳои заминларзаи Туркия

Кормандони имдодрасонӣ дар Туркия тавонистанд пас аз гузашти 261 соат заминларзаи вайронгар дар ҷануби ин кишвар 2 нафарро зинда аз зери харобаҳо берун оваранд.

Расонаҳои Туркия гузориш доданд, ки имдодгарон муваффақ шуданд Муҳаммадалӣ Шакероғлу (26 сола) ва Мустафо Оҷӣ (34 сола)-ро дар шаҳри Антакя маркази вилояти Хатай зинда аз зери овораҳо берун оваранд.

Бар асоси ин гузориш ин ду наҷот ёфта пас аз хориҷ шудан аз зери вайронаҳо ба беморхона интиқол дода шуданд.

Заминларзаи бузурге субҳи душанбе 6-уми феврал ҷануби Туркия ва шимоли Сурияро ларзонд.

Хонаводаи ин ду зилзилазада ҳам муваффақ шуданд бо фарзанди худ дидор кунанд.

Ин заминларза бо қудрати 7.8 дараҷа хисоратҳои зиёде ба сохтмонҳо ворид кард ва гуруҳҳои наҷот то ҳол машғули оворбардорӣ ва наҷоти касоне ҳастанд, ки дар зери овораҳо гирифтор шудаанд.

Бар асоси охирин оморҳо то ҳол беш аз 43 ҳазор нафар дар пайи ин заминларзаи маргбор дар кишвари Туркия ва Сурия ҷони худро аз даст додааст.

Ба гуфтаи президенти Тукия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, 100 кишвар ба ирсоли кумак ба ин кишвар пардохтаанд.

заминларзаСурияТуркия
Comments (0)
Add Comment