Ҳимояти Чин аз муқовимати Эрон дар баробари якҷонибагароӣ ва мудохилаҳои хориҷӣ

Раисиҷумҳури ҶИЭ Саид Иброҳим Раисӣ бо Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин мулоқот кард; Раисӣ ва Си Ҷинпин дар ин дидор бар густариши равобит таъкид карданд.

Раисӣ дар дидор бо Си ҷипинг раисҷумҳури Чин бо таъкид бар зарурати густариши муносиботи ду кишвар дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ, фановарӣ ва фарҳангӣ, иҷрои санади ҷомеи мушорикати роҳбурди миёни Эрон ва Чинро иқдоми муҳим дар ҷиҳати тасбити сулҳ ва субот дар минтақа донист.

Саид Иброҳим Раисӣ дар сафари ҳайатҳои иқтисодӣ ва сиёсии ду кишвар ба пойтахтҳои якдигар ва музокираҳои суратгирифта байни тарафайнро дар густариши муносибот муҳим ва муассир тавсиф кард ва гуфт: Бо вуҷуди мухолифати душманони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Чин бо таҳким ва густариши равобити ду кишвар, ин равобит бо мудирияти матлуби тарафайн гомҳои баландиро тай кардааст.

Раисӣ дар ин дидор ҳамчунин бо баёни инки Эрон ва Чин дӯстони рӯзҳои сахт ҳастанд ва дӯсти дар рӯзҳои сахт, тасриъ ва тасҳилкунандаи пайвандҳо дар рӯзҳои дигар аст, афзуд: Таҳкими ин пайвандҳо ва дӯстиҳо дар амнияти минтақа ва ҷаҳон муассир аст.

Раисҷумҳури Эрон дар идома бо истиқбол аз таъкиди раисҷумҳури Чин бар эҳтиром ба тамомияти арзи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамчунин муқобила бо якҷонибагароӣ дар низоми байналмилал, бар лузуми муқобила бо дахолати бегонагон дар нуқоти мухталифи ҷаҳон таъкид кард.

Раисӣ ҳамчунин бо қадрдони аз нақши мусбат ва созандаи Чин дар гуфтугӯҳои рафъи таҳрим, ба паймоншикании Амрикоиҳо ва бадъаҳдии кишварҳои Аврупои дар амал ба тааҳҳудот ишора карду гуфт: Ғарбиҳо як бори дигар дар мавриди Ҷумҳурии Исломии Эрон гирифтори муҳосибаи ғалат шуданд ғофил аз инки Эрони исломӣ ва миллати рашиди он боландатар ва мутмаинтар аз ҳар замони дигаре дар масири тавсеа ва пешрафт қарор доранд.

Раиси ҷумҳурии Исломии Эрон бо эълони тасмими тавсеаи равобити ду кишвар бо бархӯрди эҳтироми мутақобила, тавзеҳ дод: Рушди равобити Эрон ва Чин ба пеш аст, аммо ончи анҷом шудааст бо ончи бояд анҷом мепазируфта фосила дорад ва барои ҷуброни ин ақибмондагӣ бояд гомҳои баландтари бардошт.

Оятуллоҳ Раисӣ ҳамчунин аз ибтикори раиси ҷумҳури Чин дар муъаррифии тарҳи “Камарбанд ва роҳ” истиқбол кард ва аз омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои иҷрои шудани ин тарҳро эълон кард.

Таъкид бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои кишоварзӣ, тавлиди мошинсозӣ, маъдан, гардишгарӣ ва фаъолтар кардани кумиссиюнҳои муштараки иқтисодӣ, аз меҳварҳои дигари суханронии раисиҷумҳури Эрон дар дидор бо раисҷумҳури Чин буд.

Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин дар ин дидор бо ёдоварӣ аз раванди ру ба тавсеаи  равобити Эрон ва Чин, иҷрои санади мушорикати ҳамаҷонибаи стротежии ду кишварро дар тавсеаи равобити ду кишвар бисёр муассир донист ва гуфт: Чин ба рушди равобит бо Эрон боварии комил дорад.

Раисиҷумҳури Чин дар идома бо интиқод аз якҷониба ва рафтори золимонаи кишварҳои ғарбӣ дар арсаи байналмилалӣ афзуд: Мутаассифона ин кишварҳо ба бархӯрди нодурусти даврони ҷанги сард пофишорӣ мекунанд ва ин ба меъёрҳои байналмилалӣ ва сулҳу амнияти ҷаҳонӣ зиён расонидааст.

Си Ҷинпин зимни ҳимоят аз тамомияти арзии Ҷумҳурии Исломии Эрон бар зарурати мубориза бо якҷониба, мудохилаи бегонагон ва таҳдидҳо ба амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон таъкид кард.

Раисиҷумҳури Чин дар бахши дигари суханронии худ дар ин дидор аз омодагии давлати Чин барои ҳимоят аз ширкатҳое, ки майл ба сармоягузорӣ дар Эронро доранд, эълон карду гуфт: Давлати Чин низ барои тавсеъаи ҳамкорӣ дар заминаи тиҷорат, транзит ва муносибатҳои фарҳангй бо Эрон омодагии комил дорад.

Си Ҷинпин бо қадрдонӣ аз мавқеъ ва иқдомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мубориза бо терроризм бар зарурати иҷрои ҳарчи зудтари тавофуқи ҳастаӣ ба унвони яке аз дастовардҳои чандҷониба барои ҳалли баҳсҳо таъкид кард.

АмрикоҒарбСаид Иброҳим РаисӣСи ҶинпинсиёсатЧинЭрон
Comments (0)
Add Comment