44 сол имону иқтидору ифтихори Эрони исломӣ

Роҳпаймоии 22-юми баҳманмоҳ дар солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон бо роҳбарии Оятуллоҳ Хумайнӣ (рҳ) ҳарсола бошукӯҳ баргузор мешавад.

Ҳамасола дар 11-уми феврал солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон бо ҳузури миллионии мардум ва масъулони эронӣ дар хиёбонҳо ба нишонаи ҷашну бузургдошти Инқилоби Исломӣ ва вафодорӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ормонҳои он бошукуҳ таҷлил мешавад. Имсол 44-умин баҳори пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон буд.
22 баҳмани 1357 ҳ.ш. баробар бо 11 феврали 1979 мелодӣ бо муҷоҳидати мардуми мусулмони Эрон ва роҳбарии имом Хумайнӣ Инқилоби Исломӣ пирӯз шуд ва тахти салтанати паҳлавиро сарнагун кард ва чароғи умеду истиқлол барои бисёре аз миллатҳои ҷаҳон шуд.
Ин ҳодисаи бузурги аср муодилаҳои сиёсии истикборро дар идомаи сиёсати хукмронӣ ва тақсимоти мустамликавии чаҳон вайрон кард.
Аз сӯи дигар, Инқилоби Исломии Эрон яке аз режимҳои қавии вобаста ва дилбаста ба Амрико ва Англисро аз байн бурд.
Эрон бо аҳамияти стратегӣ ва иқтисодии худ барои қудратҳои бузурги ҷаҳон дигаргуниҳои азими сиёсӣ ва мардумиро ба вуҷуд овард. Бо пирӯзии Инқилоби Исломӣ ва барпоии Ҷумҳурии Исломӣ дар Эрон бори дигар Ислом ба унвони қудрати идоракунандаи ҷомеа ва таъинкунанда муҳими сарнавишти башар дар ҷаҳон муаррифӣ ва зоҳир шуд.
Инқилоби Исломӣ бо матраҳ кардани сиёсати иттиҳоди мусулмонон ва мустазъафони ҷаҳон дар баробари мустакбирону истеъморгарони куҳна ва нав ва мубориза барои касби истиқлол ва озодӣ ва ҳокимияти арзишҳои имонӣ ва инсонӣ умедҳоро барои ояндаи равшан дар дили уммати мусулмон ва мустазъафони ҷаҳон зинда карда ва дунёи истикбор ба раҳбарии Амрикоро ба ваҳшат андохта ва шикастҳои зиёде бар онҳо бор кардааст.
Бо вуҷуди тамоми душманиҳои мустакбирони олам ва таҳримҳои золимонаи ҳамаҷониба дар беш аз чаҳор даҳа имрӯз ба эътирофи дӯсту душман Ҷумҳурии Исломии Эрон дар авҷи иқтидор аст.
Мо ҳам солгарди пирӯзии Инқилоби Исломиро ба мардуми мӯъмин, муҷоҳид ва муқовими Эрони исломӣ ва ҳамаи уммати мусулмон ва озодагони ҷаҳон табрик мегӯем ва сарбаландӣ ва сарафрозӣ барояшон орзу мекунем.

22 баҳманИнқилоби Исломии Эрон
Comments (0)
Add Comment