Вокуниши Эрдуғон ба интиқод аз заъф дар имдодрасонӣ ба зилзилазадагон

Раисиҷумҳури Туркия замони боздид аз манотиқи зилзилазада дар ҷануби ин кишвар, ба вуҷӯди мушкилоте барои имдодрасонӣ ба зилзилазадагон эътироф кард ва ба мухолифонаш ҳушдор дод.

Душанбеи ҳафтаи ҷорӣ ду заминларза ба бузургии 7.7 ва 7.6 Риштер манотиқи ҷанубии Туркия ва шимоли Сурияро ба ларза даровард. Конуни ин заминларза устони Қаҳрамон Мараш дар ҷануби Туркия буд, аммо ин ду зилзила илова бар даҳ устони ҷануби ин кишвар, дар манотиқе дар шимоли Сурия низ талафоту хисороти сангине барҷо гузоштааст. Давлати Туркия билофосила тамомии имконоти худро барои амалиёти имдоду наҷот басиҷ кард, аммо ба далели густардагии ҳодиса ва камбуди имконоти дохилӣ, чанд соат расман хостори кумакҳои байналмилалӣ шуд. Аммо нобасомониҳо дар амри имдодрасонӣ ҳамчунон машҳӯд аст ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия низ ба ин костиҳо изъон кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эрдуғон дирӯз чаҳоршанбе ба устон зилзилазадаи Қаҳрамон Мараш рафт ва бо эътирози зилзилазадагон ба далели надоштани сарпаноҳ ва кумакрасонии кунд рӯбарӯ шуд.

Номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия, ки чаҳордаҳуми май баргузор мешавад, дар посух ба интиқодҳо ва эътирозот гуфт, амалиёти имдодрасонӣ, ҷустуҷӯ ва наҷоти осебдидагон акнӯн ба ҳолати оддӣ расида ва ҳечкасеро бесарпаноҳ нахоҳанд гузошт.

Номзади ҳизби ҳокими Адолат ва тавсеа ваъдаи рӯзҳои беҳтару беҳбуди раванди имдодрасониро дод ва бо гуфтани як ҷумла ба мунтақидон ва мухолифони сиёсии худ ҳамла кард. Эрдуғон гуфт: ” Наметавонам таҳаммул кунам, ки иддае корзори манфӣ барои касби манофеи сиёсӣ эҷод кардаанд.”

Интиқоди мардуми Туркия аз раванди имдодрасонӣ дар расонаҳои Туркия низ машҳӯдаст.

Дар охирин гузоришҳо, талафоти ду заминларза токунӯн дар Туркия 12 ҳазору 391 нафар эълом шудааст.

Гуфтанист, бар асоси назарсанҷиҳои анҷомгирифта пеш аз заминларзаи ахир Эрдуғон ба далели мушкилоти шадиди иқтисодии Туркия дар интихоботи раёсатҷумҳурии 14 май, дар баробари рақибонаш бо мушкил рӯбарӯ хоҳад шуд.

зилзилаРачаб Тайиб АрдуғонТуркия
Comments (0)
Add Comment