Ҷашни 44 солагии Инқилоби исломии Эрон дар расонаҳои ҷаҳонӣ

Расонаҳои мухталиф аз саросари ҷаҳон ҷашни 44 солагии Инқилоби исломии Эронро пӯшиш доданд.

Ба гузориши расонаҳои мухталифи ҷаҳон аз соати оғозини роҳпаймоӣ имрӯз шанбе 11 феврал ба гузориш ва пӯшиши ҳузури пуршӯри мардуми Эрон дар ҷашни 44 солагии Инқилоби исломӣ пардохтанд.

Хабаргузории русии “Спутник”, бо интишори тасовире аз роҳпаймоӣ ҷашни чиҳилу чаҳорумин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон, афзуд мушаки баллистики Имод ва паҳподи Шоҳиди 136 дар солрузи пирӯзии Инқилоби исломӣ дар майдони Озодии Теҳрон ба намоиш гузошта шуд.

Шабакаи Ал-Маёдин ҳам ба сурати зинда ва густарда роҳпаймоӣ 22 баҳманро пӯшиш дод.

Табрики дипломати чинӣ ба милати шарифи Эрон.

Хабарнигори хабаргузории Фаронса дар гузориши худ аз ҳузури пуршӯри мардуми Эрон дар роҳпаймоӣ 22 баҳман эълом кард: дар ду соли гузашта ба далели маҳдудиятҳои короноӣ роҳпаймоӣ бузургдошти инқилоби 1979 умдатан бо мошин ва мататсикл анҷом мешуд, аммо имсол бо вуҷуди ҳавои сард, бисёре аз мардум парчам ба даст бо пои пиёда барои таҷаммӯъ дар майдони Озодии0 Теҳрон ба роҳ афтоданд. Онҳо шиорҳои «Марг бар Амрико», «Марг бар Исроил», «Марг бар Англис» ва «Марг бар Оли Сауди хоин» сар доданд.

Тибқи ин гузориш, мардуми Эрон тасовири раҳбари муаззами инқилоб ва бунёнгузори Ҷумҳурии исломӣ ва ҳамчунин сардор Қосими Сулаймониро ҳамл мекунанд ва дастнавиштаҳое, ки рӯи онҳо навишта шуда «Мо то охар истодаем», «Эрон муттаҳид, қавӣ ва босабот» ва «Мо пайрави раҳбар ҳастем»-ро дар даст доранд. Мушакҳои Сиҷил ва паҳподҳои Шоҳиди 136 атрофи майдони Озодӣ ба намоиш гузошта шуд.

Гуфтанӣ аст, бузургтарин ҳамхонии сурӯди миллии Эрон низ имрӯз соати 11-у 22 дақиқа ( ба вақти Теҳрон) дар саросари ин кишвар иҷро шуд.

Маросими роҳпаймоӣ 22 баҳман дар 38 ҳазор рӯсто ва 1400 шаҳри Ҷумҳурии исломии Эрон аз соати 9 субҳ ( ба вақти Теҳрон ) оғоз шуд ва 6 ҳазор нафар аз авомили расонаҳои эронӣ ва хориҷӣ ин роҳпаймоиро ба суратҳои мухталиф пӯшиш доданд.

44 солагӣИнқилоби Исломии ЭронЭрон
Comments (0)
Add Comment