Коршиноси қирғиз: пирӯзии инқилоби исломии Эрон оғози ҳаракати муқовимат буд

Таҳлилгари сиёсии қирғиз гуфт: пирӯзии инқилоби исломии Эрон оғози шаклгирии меҳвари муқовимат дар минтақа буд.

Коршиноси масоили сиёсии Қирғизистон мӯътақид аст, ки пирӯзии инқилоби исломии Эрон, оғози шаклгирии меҳвари муқовимат дар минтақа буд ва Эрон амалан барои дувумин бор дар арсаи байналмилал ба унвони кишвари мустақил аз манофеи худ дифоъ кард.

Март Сориев, коршиноси масоили сиёсии Қирғизистон дар гуфтугӯ бо Форс дар Бишкек гуфт: “бо пирӯзии инқилоби исломии Эрон, ин кишвар барои дувумин бор дар арсаи байналмилалӣ ба унвони кишвари мустақил аз манофеи худ дифоъ кард.

Вай дар бораи нақши имом Хумайнӣ дар бедории кишварҳои минтақа бо пирӯзии инқилоби исломии Эрон гуфт: “инқилоби исломӣ, Эронро мавзӯъи сиёсати байналмилал қарор дод, дар кулли таърих, ҶИЭ танҳо ду бор ба унвони як кишвари мустақил дар сиёсати байналмилал ҳузур дошта ва метавонист сиёсати хориҷии мустақилли худро дар арсаи байналмилалӣ пеш барад ва аз манофеаш дифоъ кунад; нахустин бор дар даврони мубориза барои миллӣ кардани санъати нафт ва дувумин мартаба дар замони пирӯзии инқилоби исломӣ дар моҳи Баҳмани 1357 ҳ.ш ба раҳбарии имом Хумайнӣ ва дар бақияи давронҳо ҳамвора таҳти таъсири қудратҳои шарқӣ ва ғарбӣ ва бахше аз барномаҳои минтақаӣ ва байналмилалии онҳо будааст.

Ба ҳамин далел аст, ки кишварҳои ғарбӣ имрӯза низ чунин фишорҳоеро бар Эрон ворид мекунанд ва ҳамвора Эронро таҳти шадидтарин таҳримҳо қарор медиҳанд. Дар тамоми ин муддати 44 сол Эрон дар муҳосира ба сар бурдааст, аммо омӯхтааст, ки чигуна пешрафт кунад ва ҳатто бо муваффақият тавсеа ёбад. Дар ғарби Осиё, соири давлатҳо ҳанӯз шакку тардиди зиёде дар мавриди ояндаи худ доранд.

Эрон аз маъдуд кишварҳое аст, ки созукорҳои молӣ ва пулии байналмилалӣ таъйинкунандаи сиёсати молии давлат нест. Теҳрон вобастагии зиёде ба ниҳодҳои байналмилалӣ надорад ва ин барои раҳбарони қудратҳои ҷаҳонӣ озордиҳанда ва дарднок аст. Бинобарин, таҷрибаи ҶИЭ ҷолиб ва пандомӯз аст, зеро Эрон тавонистааст арзишҳо ва ормонҳои худро ҳифз кунад.

Сориев дар бораи нақш ва аҳамияти шахсияти имом Хумайнӣ дар пирӯзии инқилоби исломии Эрон гуфт: “дар ҳар инқилоби воқеӣ, нақши раҳбар бисёр муҳим аст. Зеро ҳеҷ як аз инқилобҳо бидуни касоне, ки масъулияти ончиро, ки дар ҳоли рух додан аст, бар ӯҳда бигиранд ва сипас аз он идаҳое пайравӣ кунанд, ки мавриди таъйид ва ҳимояти ҷомеа аст; анҷом намешавад.”

Имом Хумайнӣ нақши таъйинкунандае дар истиқлоли Эрон аз султаи қудратҳои ҷаҳонӣ дошт ва ба баракати тасмимоти хирадмандона ва мутавозини имом Хумайнӣ дар Эрон, кишвари тақрибан ним қарн дар муҳосираи иқтисодӣ муқовимат карда ва нақши он дар таърихи сиёсии ҷаҳон бисёр арзишманд аст.

Сориев дар бораи нақши меҳварии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ташкили муқовимат гуфт: “дар воқеъ бо пирӯзии инқилоби исломӣ, меҳвари муқовимат дар баробари диктаторҳои байналмилалӣ ва сохторҳои онҳо дар минтақа шакл гирифт ва ба ҳамин далел Эрон таҳти таҳримҳои байналмилалӣ қарор дорад. Эрон намунаи истиқлол аст.”

Кишварҳои мустақил ва воқеан мустақилли зиёде дар дунё вуҷуд надоранд, ки сиёсати хориҷии худро дар ҷиҳати манофеи худ думбол кунанд ва онҳоро метавон бо ангуштони як даст шумориш кард.

Сориев дар бораи кумаки инқилоби исломӣ дар бедории мардуми ғарби Осиё таъсироти он дар рӯйкарди минтақа гуфт: “инқилоби исломии Эрон шоҳиде аст бар ин иддао, ки агар таҳаввулот бо ҳимояти мардум ва бо маншаи мардумӣ бошад, пойдор ва мустамар хоҳад буд. Ба ҳар ҳол, як инқилоби воқеӣ бояд идаҳое дошта бошад, дар ғайри ин сурат, ба соддагӣ шабеҳи як кудато хоҳад буд.”

Дар натиҷа чунин фоҷеаҳо ва қишрбандии ҷомеа, ки дар кишварҳое монанди Ироқ ва Либия мушоҳида мекунем, наметавон интизори ваҳдат ва тағйироти асосиро дар онҷо дошт. Манзурам ин аст, ки инқилоб дар Эрон аз хостаҳои мардум баромада ва имом Хумайнӣ ба ақидаҳо ва арзишҳои мардумии инқилоб пойбанд буд ва ба хостаҳои мардум амал мекард. Бинобарин, имрӯза ҳам дар Эрон ба ормонҳои инқилоб эҳтиром гузошта мешавад ва мавриди қабули мардум аст.

Имом ХумайнӣИнқилоби Исломии ЭронҚирғизистонМарт СориевЭрон
Comments (0)
Add Comment