Нигаронии Испания аз табдили Украина ба “Афғонистони дуввум”

Вазири хориҷаи Испания ибрози нигаронӣ кардааст, ки мабодо даргирии Украина ба "Афғонистони дуввум" табдил шавад.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, “Хосе Мануэл Албарес”, вазири умури хориҷаи Испания дар як гуфтугӯи телевизионӣ гуфт Мадрид умедвор аст, ки даргирии Украина тӯлонӣ муддат нашавад ва Украина ба Афғонистони дуввум табдил нашавад.

Мануэл Албарес, дар мавриди ибтикори ахири Бразилия барои ҳалли буҳрони Украина гуфт: «Испания дар ҳоли баррасӣ, ҳимоят ва истифода аз ҳар фурсате барои бозгардондани сулҳ ба Украина, сулҳи мутобиқ бо маншури Созмони Милал аст.»

Пеш аз ин, Луис Инасию Лула Дасилва, раиси ҷумҳури Бразилия гуфта буд, ки воситаҳои кунунӣ «чизе барои ироа» ба тарафҳои даргири Украина надоранд ва пешниҳоди эҷоди як платформи байналмилалии ҷадидро барои кумак ба Маскав ва Киев барои музокира ироа кардааст. Вай ҳамчунин гуфт, ки дар сурати ниёз омода хоҳад буд то дар музокироти миёни Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Владимир Зеленский, ҳамтои Украинии худ воситагарӣ кунад.

Аз сӯи дигар дар идомаи танишҳо дар Украина, вазорати дифои Русия рӯзи ҷумъа бо интишори баёнияе дар иртибот бо амалиёти вижаи ин кишвар дар Украина эълом кард: ҳудуд 40 сарбози украинӣ дар меҳвари Кабянск дар 24 соати ахир кушта шуданд ва як анбори муҳиммоти тӯпхона дар устони Харков низ ҳадаф қарор гирифт.

Баёнияи содира аз сӯи вазорати дифои Русия дар ин хусус идома медиҳад: Русия ба ҳамлаи худ ба меҳвари Донетск идома дода ва манотиқи муҳиммеро таҳти кантрол дорад. Ҷангандаҳои русӣ як фарванд Миги- 29 Украиниро дар минтақаи Херсон сарнагун карданд.

Баёнияи мазкур дар идома изофа мекунад: беш аз 70 сарбози украинӣ ҳам дар меҳвари Краснй дар Лиман кушта шуданд. Неруҳои Русия барои аввалин бор дар ҷараёни амалиёти вижа, сомонаи мушакии пешрафтаи замин ба ҳавои норвегии “NASAMS”-ро низ мунҳадим карданд.

Лозим ба зикр аст, ки артиши Русия 24 феврал «амалиёти низомии вижаи» худро дар шарқи Украина оғоз кард; Мақомоти аршади давлати Русия мегӯяанд ин амалиёт дар посух ба дархости сарони Донетск ва Луганск барои ҳифозат аз онҳо дар баробари неруҳои украинӣ оғоз шудааст.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки ҳадаф аз ин амалиёт ҳимоят аз мардуме аст, ки беш аз 8 сол таҳти наслкашӣ ва озор ва азияти Киев қарор доштанд.

Амрико ва кишварҳои ғарбӣ барои муқобила бо пешравии артиши Русия, зимни ирсоли анвои таслиҳоти пешрафта ба артиши Украина, токунун таҳримҳои зиёде алайҳи Русия эъмол кардаанд. Аз сӯи дигар “Сергей Лавров” вазири хориҷаи Русия низ гуфтааст ҳаргуна маҳмула ва корвони ҳомили таслиҳоти низомӣ барои Украина, ҳадафи машрӯъ барои неруҳои Русия аст.

Афғонистони дуввумИспанияРусияУкраина
Comments (0)
Add Comment