Бемуҳофиз ба фурӯшгоҳ рафта наметавонам

Майк Пампео, яке аз тарроҳони террори генерали эронӣ, Қосим Сулаймонӣ дар китоби хотироташ фош кардааст, ки ӯ ва хонаводааш аз тарси интиқоми Эрон зиндагии оддӣ надоранд ва 24 соата таҳти ҳифозат ҳастанд.

Пампео навиштааст: мо медонем, ки Эрон тавони иҷрои амалёт дар дохили Амрикоро дорад ба ҳамин хотир як солу ним аст, ки пас аз хуруҷам аз кор дар бахши давлатӣ, ман ҳануз қоидаҳои амниятиро ҳифз кардаам.

Вай мегӯяд, зиндагии худаш, ҳамсараш ва танҳо фарзандаш таҳти таъсири террори Сулаймонӣ қарор гирифта ва онҳо бидуни тадобири шадиди амниятӣ наметавонанд корҳои оддӣ ва рӯзонаи худро анҷом диҳанд.

Вазири хориҷаи собиқи Амрико навишт, аз тарси авомили пинҳони Ҳизбуллоҳ бидуни муҳофизон худам ба фурӯшгоҳ, ҳамсарам ба солуни зебоӣ рафта наметавонем.

Пампео дар китоби худ навиштааст: эҳтимолан дигар ҳаргиз бо мошини шахсии худ ронандагӣ нахоҳам кард ва аз зиндагии шахсии собиқи худ лаззат нахоҳам бурд.

Бар асоси гузоришҳо, Амрико барои ҳифозат аз Майк Пампео ва дигар ёрони дахилаш дар террори Сулаймонӣ моҳона беш аз 2 миллион доллар сарф мекунад.

АмрикоҚосим СулаймонӣМайк ПампеоЭрон
Comments (0)
Add Comment