Идомаи беҳурматӣ ба Қуръони Карим дар Аврупо

Як сиёсатмадори ростгарои Дания дар идомаи беҳурматиҳо ба Қуръони Карим дар кишварҳои ғарбӣ иқдом ба сӯзондани китоби осмонии мусалмонон кард.

Як фаъоли ростгарои ифротӣ дар Дания дар наздикии масҷиде дар ин кишвар, ки дар муқобили сафорати Туркия қарор дорад иқдом ба сӯзондани Қуръони Карим кард.

Расмус Палоден, сиёсатмадори ростгароӣ ифротӣ, ки шаҳрвандии Дания ва Шветсияро дорад ҳафтаи гузашта низ бо роҳандози таҷаммуъе барои Қуръонсӯзӣ хашми мусалмонони ҷаҳонро барангехта буд.

Туркия дар вокуниш ба ин иқдом сафири Данияро иҳзор ва маротиби эътирози худро дар хусуси ин иқдомоти нафратпарокарона эълон кардааст. Вазорати умури хориҷаи Туркия Расмун Палоденро Исломсетиз муаррифӣ кард.

Чанд рӯз пеш ҳам дар кишварҳои Шветсия ва Нидерланд ба Қуръони Карим беҳурматӣ шуд, ки хашми ҳамаи мусулмонони ҷаҳонро дар пай дошт.

Туркия, Яман, Эрон, Ироқ, Арабистон, Фаластин, Покистон, турктаборони Амрико, Иттиҳоди Авқофи Арманистони Туркия, калисои Ортодокси Русия, Ҷабҳаи муқовимати Фаластин ва Ҷабҳаи муқовимати Лубнон аз ҷумлаи кишварҳо ва созмонҳое буданд, ки сӯзондани Қуръони Карим дар муқобили сафорати Туркия дар Шветсияро ба шиддат маҳкум карда онро тарвиҷи хушунату нафратпароканӣ хонданд.

ДанияҚуръони КаримНидерландШветсия
Comments (0)
Add Comment