Пешниҳоди афви қариб 500 ҳазор муҳоҷири бинокори тоҷик

Раиси Иттиҳодияи миллии сохтмончиёни Русия пешниҳод кард, шаҳрвандони хориҷие, ки барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар хориҷ шудаанд, бояд барои баргаштан бо мақсади кор имкони афв пайдо кунанд.

Ба нақл аз ТАСС, Антон Глушков, президенти Иттиҳодияи миллии сохтмончиён (НОСТРОЙ) – и Русия пешниҳод кардааст, шаҳрвандони хориҷие, ки дар соҳаи сохтмони Русия кор мекарданд ва барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар хориҷ шудаанд, бояд барои баргаштан бо мақсади кор имкони афв пайдо кунанд.

Глушков ба рӯзноманигорон иброз доштааст: “Фикр мекунам, ҳоло вақти таҳияи механизмҳои ба истилоҳ афви қувваи кории хориҷӣ расидааст, ки аз қаламрави Русия ихроҷ шудааст. Зеро ин нерӯи кории хориҷӣ лозим буда, онҳо аллакай таҷриба ва малакаҳои кор дар Русияро доранд”.

Ба гуфтаи ӯ, шумораи муҳоҷироне, ки барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ихроҷ шудаанд, хеле зиёд буда, танҳо дар Тоҷикистон қариб 0,5 млн нафарро ташкил медиҳад.

Вай гуфтааст: “Ҳарчанд қонушиканиҳо гуногун бошанд ҳам, аксари онҳо парвандахои маъмурӣ мебошанд, масалан, напардохтани ҷарима ё риоя накардани реҷаи будубош дар қаламрави Русия”.

Глушков ҳамчунин изҳор доштааст, ки аллакай таҷрибаи судие роиҷ мешавад, ки мувофиқи он шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи ихроҷ ба додгоҳ шикоят бурда, ҳуқуқи баргаштан ба Русияро барои истифодаи меҳнати худ мегиранд.

Роҳбари иттиҳодияи бинокорон таъкид доштааст, ки соли 2022 дар Русия ҳудуди 6,5 млн нафар ба бинокорӣ машғул шуда, бо назардошти ҳадафҳои рушди соҳаи сохтмон, соли 2030 шумори онҳо бояд то 8 млн нафар зиёд шавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ 40%-и хатмкунандагони муассисаҳои таълими соҳаи сохтмони Русия бо ихтисоси гирифтаашон кор мекунанд.

Бино ба маълумоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Москва, соли 2022 кормандони ин ниҳод ба 28,5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ вуруд ба ин вилоятро манъ карданд.

Тибқи маълумоти ВКД Русия, нисбат ба соли 2021 дар зарфи 11 моҳи соли гузашта шумори ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда 10% афзуда, тайи 5 соли ахир ин нишондиҳанда баландтарин аст.

афви муҳоҷиронМуҳоҷирони тоҷикРусиятоҷиконҳуҷҷатҳои иқоматӣ
Comments (0)
Add Comment