Намозгузорони намози ҷумъаи ҶИЭ беэҳтиромӣ ба Қуръони Каримро маҳкум карданд

Таҷаммӯи эътирозии намозгузорон дар маҳкумияти беэҳтиромӣ ба Қуръони Карим дар чандин шаҳр дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, таҷаммӯи эътирозии намозгузорон дар маҳкумияти беэтиромӣ ба Қуръони Карим, пас аз баргузории намозии ҷумъа дар чанд шаҳр ва русто дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд. Таҷаммӯъкунандагон бо сар додани шиор ва дар даст доштани порчанавиштаҳое ин иқдомотро маҳкум карданд.

Намозгузорони ҷумъа ҳамчунин хостори муқобилаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо беэҳтиромӣ ба муқаддасот ва арзишҳои динии мусулмонон шуданд.

Дар иттилоияи шӯрои ҳамоҳангии Таблиғоти исломии ҶИЭ, ки рӯзи гузашта ҳамроҳ бо даъвати умумӣ аз мардум барои иҷтимои имрӯз мунташир шуд, омадааст: бори дигар дар сояи шуми ҳимояти давлатҳои ғарбӣ ва лояҳои қудратҳои саҳюнистӣ ва дар идомаи ситези созмонёфта ва ҳадафманд бо адёни Илоҳӣ ба соҳати муқаддаси охирин китоби осмонӣ қариб ба ду миллиард мусулмони ҷаҳон беэҳтиромӣ шуд. Ин ҳаракати нафратангез, ки ба баҳонаи озодии баён аз сӯи қудратҳои истикборӣ сурат гирифта; сабаби хашм ва безории мусулмонони саросари ҷаҳон ва уммати мӯъмин ва худоҷӯии кишварамон шуд.

Лозим ба зикр аст, ки оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии ҶИЭ беэҳтиромӣ ба муқаддасоти исломӣ ва Қуръони Каримро дар чанд кишвари аврупоӣ маҳкум кард. Ишон ин беэҳтиромиҳоро нишонаи душмании истикбор бо асли Ислом дониста ва ҳамаи озодихоҳони ҷаҳонро ба муқобила бо сиёсати палиди беъҳтиромӣ ба муқаддасот ва нафратпароканӣ, фаро хонд.

Ҳамчунин сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон, дар вокуниш ба беэҳтиромии Қуръони Карим дар чанд кишвари аврупоӣ ин иҳонатро иҳонат ба адёни илоҳӣ донист ва онро зидди озодии баён хонд ва баён дошт: Ҳеҷ кас дар саросари ҷаҳон ин ҳаракатро қабул намекунад, чун ин беэҳтиромӣ ва тавҳин ба ҳамаи адёни иброҳимӣ аст.

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси маҷлис шӯрои исломии Эрон ҳам иқдоми бешармонаи кишаварҳои аврупоиро маҳкум кард ва гуфт, ки ин қабил иқдомот ва ҷасорат ба муқаддасоти динӣ, эҳсосоти мусулмонон ва муваҳҳидони саросари ҷаҳонро ҷариҳадор кардааст ва сиёсатмадорони кишварҳои аврупоӣ наметавонанд ин ислом ҳаросии ошкор ва тарроҳӣ шударо пушти ниқоби дурӯғини озодии баён пинҳон кунанд.

беэҳтиромӣИброҳими раисӣҚуръони КаримҶумҳурии Исломии Эрон
Comments (0)
Add Comment