Вокуниши кишварҳои арабӣ ба беҳурматии Қуръон дар Нидерланд

Чанд кишвари арабӣ бо судури баёнияе беҳурматии Қуръони Карим тавассути раҳбари як гурӯҳи ифротии исломситез дар Нидерландро маҳкум карданд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Арабистони Саудӣ, Аморот, Урдун ва шӯрои ҳамкории халиҷи Форс дар баёниҳое иқдоми раҳбари як гурӯҳи ифротӣ дар Нидерланд мабни бар пора кардани Қуръони Карим ва сӯзондани онро маҳкум карданд.

Вазорати хориҷаи Арабистони Саудӣ дар баёнияе зимни маҳкум кардани ин иқдоми иҳонатомез, таъкид кард, ки пора кардани Қуръони Карим дар Нидерланд эҳсосоти миллионҳо мусулмон дар саросари ҷаҳонро ҷариҳадор мекунад.

Дар ин баёния бар мавзеи Арабистон дар хусуси тарвиҷи арзишҳои гуфтугӯ, мусомиҳа, ҳамзистӣ ва парҳез аз нафратпароканӣ ва ифротигарӣ таъкид шудааст.

Вазорати хориҷаи Аморот низ бар мухолифати ин кишвар бо ҳар гуна иқдомоте барои барҳам задани амният ва сабот, ки бар хилофи арзишҳо ва усули инсонӣ ва ахлоқӣ аст, таъкид кард.

Аморот ҳамчунин хостори эҳтиром ба намодҳои динӣ ва муқаддасот ва дӯрӣ аз ҳаргуна иқдоми таҳрикомез ва қутббандиҳо шуд.

Бинобар гузориши вебгоҳи “Ал-Халиҷ Онлайн”, “Наиф ал-Ҳаҷраф”, дабири кулли шӯрои ҳамкории халиҷи Форс низ иҳонат ба Қуръони Каримро маҳкум ва таъкид кард, ки ин иқдом эҳсосоти мусулмонон дар саросари ҷаҳонро ҷариҳадор мекунад.

Ҳамчунин вазорати хориҷаи Урдун дар баёнияе зимни маҳкум кардани иҳонат ва беҳурматӣ ба Қуръони Карим, таъкид кард, ки сӯзондани Қуръони Карим иқдоми хатарнок ва намоди исломҳаросӣ ва таҳрик ба хушунат ва иҳонат ба адён аст ва ба ҳеҷ унвон наметавон онро навъе озодӣ талаққӣ кард.

“Эдвин Вагенсфелд”, раҳбари гурӯҳи ифротии исломситези “Пегида”, дар Нидерланд рӯзи душанбе як нусха аз Қуръони Каримро пас аз пора кардан ва иҳонати ба он, сӯзонд.

Ин иқдоми иҳонатомез дар ҳоле сурат гирифт, ки чанд рӯз пеш низ “Расмус Палдан” раҳбари ҳизби Данияи исломситез ва ифротии “Стромкурс”, дар иқдоми иҳонатомез иқдом ба сӯзондани Қуръони Карим муқобили сафорати Туркия дар Стокголм, пойтахти Шветсия кард ва неруҳои полиси ин кишвар низ аз ӯ ҳимоят карданд.

Қуръони КаримНидерландШветсия
Comments (0)
Add Comment