Ал-Азҳар колоҳои Шветсия ва Нидерландро таҳрим кард

Ал-Азҳари Миср, дар вокуниш ба беҳурматии Қуръони Карим дар Нидерланд ва Шветсия, аз шаҳрвандони ҷаҳони Араб ва мусулмонон хост то колоҳои сохти ин ду кишварро таҳрим кунанд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Ал-Азҳари Миср имрӯз (чаҳоршанбе) аз шаҳрвандони ҷаҳони Араб ва мусулмонон хост то тамоми маҳсулоти Шветсия ва колоҳои Нидерландро байкот карда ва дар ҳимоят аз Қуръони Карим мавзеи қавӣ ва воҳид иттихоз кунанд.

Тибқи гузориши вебгоҳи шабакаи “Ал-Майадин”, Ал-Азҳар дар баёнияе эълом кард, ки таҳрими тамоми маҳсулоти Нидерланд ва колоҳои Шветсия, «посухи муносибе ба давлатҳои ин ду кишвар дар тавҳин ба яку ним миллиард мусулмон ва пофишории онҳо дар ҳимоят аз ҷинояёти нафратангез ва ваҳшиёнаи таҳти ҳимояти ғайри инсонӣ ва ғайри ахлоқие, ки озодии баён меноманд».

Ал-Азҳар ҳамчунин таъкид кард, ки иқдоме ҳамчун сӯзондани Қуръони Карим мили «диктатории ҳарҷумарҷгуна, беахлоқӣ ва султа бар мардуми шарифе аст, ки бо Худо ва ҳидояти осмонҳо ​​пайванд доранд».

Ал-Азҳар дар баёнияи худ, бар лузуми пойбандии миллатҳои Араб ва ҷаҳони Ислом ба ин таҳрим таъкид ва хотирнишон кард, ки фарзандон, ҷавонон ва занони худро бо он ошно кунанд ва бидонанд, ки ҳаргуна икроҳ ё саҳлангорӣ дар ин мавзӯъ, кӯтоҳии сареҳ дар ҳимоят аз дин аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Ал-Азҳари Миср иқдоми гурӯҳҳои ифротӣ дар Шветсия мабни бар сӯзондани Қуръони Каримро башиддат маҳкум карда ва хостори ҷилавгирӣ аз ҳар гуна беҳурматӣ ба муқаддасоти исломӣ шуда буд. Ал-Азҳар таъкид дошт, ки сӯзондани Қуръони Карим дар Шветсия баёнгари ҳамдстии масъулони ин кишвар ва талоши онҳо барои иҳонат ба муқаддасоти исломӣ ва таҳрики мусулмонон аст.

Ҳазорон нафар аз мардуми устони Саъдаи Яман, низ рӯзи душанбе, дар маҳкумияти беҳурмати ва иҳонат ба Қуръони Карим дар Шветсия ба хиёбонҳо омаданд. Бинобар гузориши шабакаи “Ал-Масира”, тазоҳуроткунандагони яманӣ, зимни ибрози хашм аз ончи рӯзи шанбе дар Шветсия рух дод, сукути бархе аз давлатҳои арабӣ ва исломӣ дар қиболи ин ҷиноятро маҳкум карда буданд.

Баъд аз афзоиши вокунишҳо, кишварҳои арабӣ аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Аморот, Урдун ва аъзои шӯрои ҳамкории халиҷи Форс низ дар баёнияҳое ин иқдомоти ҷиноятгоронаи гурӯҳҳои ифротӣ дар Нидерланд ва Шветсия, беҳурматии Қуръони Карим ва сӯзондани онро маҳкум карданд.

Вазорати хориҷаи Арабистони Саудӣ дар баёниаяе зимни маҳкум кардани ин иқдоми иҳонатомез, таъкид кард, ки поракардани Қуръони Карим дар Нидерланд эҳсосоти миллионҳо мусулмон дар саросари ҷаҳонро ҷариҳадор мекунад. Вазорати хориҷаи Аморот низ бар мухолифати ин кишвар бо ҳаргуна иқдомоте барои барҳам задани амният ва сабот, ки бар хилофи арзишҳо ва усули инсонӣ ва ахлоқӣ аст, таъкид кард.

Вазорати хориҷаи Урдун ҳам дар баёнияе зимни маҳкум кардани иҳонат ба Қуръони Карим, таъкид кард, ки сӯзондани Қуръони Карим иқдоми хатарнок ва намоди исломҳаросӣ ва таҳрик ба хушунат ва иҳонат ба адён аст ва ба ҳеҷ унвон наметавон онро навъе озодӣ талаққӣ кард.

Ин иқдоми иҳонатомез дар ҳоле сурат гирифт, ки шанбе 21 январ “Расмус Палдан”, раҳбари ҳизби Данияӣ исломситез ва ифротии “Стромкурс”, дар иқдоми иҳонатомез иқдом ба сӯзондани Қуръони Карим муқобили сафорати Туркия дар Стокголм, пойтахти Шветсия кард ва неруҳои полиси ин кишвар низ аз ӯ ҳимоят карданд.

Дар пайи ин иқдом, вазорат хориҷаи Туркия, рӯзи гузашта (сешанбе, 24 январ), беҳурматӣ ба Қуръони Карим дар Нидерландро маҳкум ва сафири Нидерландро фарохонд. Вазорати хориҷаи Туркия бо интишори баёнияе эълом кард: Мо иҳонати разилонаи як фарди зидди Ислом дар Гаагаи Нидерландро, ки китоби муқаддаси мо, Қуръони Каримро ҳадаф қарор дод, ба шиддат маҳкум мекунем.

Ал-азҳарҚуръони КаримМисрНидерландШветсия
Comments (0)
Add Comment