Коҳиши таваррум дар Тоҷикистон аз нигоҳи Бонки АвруОсиёии Рушд

Ба сустшавии таваррум чораҳои саривақт андешидаи Бонки миллӣ ва паст шудани нархи молҳо дар ҷаҳон, ки Душанбе ба таври фаъол ворид менамояд, мусоидат кард.

Ба сустшавии таваррум чораҳои саривақт андешидаи Бонки миллӣ ва паст шудани нархи молҳо дар ҷаҳон, ки Душанбе ба таври фаъол ворид менамояд, мусоидат кард.

Ба нақл аз Спутник, таҳлилгарони Бонки рушди АвруОсиё бар ин боварнад, ки дар овохири соли 2022 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон аз 4,5% дар моҳи ноябр то 4,1% дар моҳи декабр коҳиш ёфт.
Дар гузориш гуфта шудааст, ки ” дар нимаи дувуми соли ҷорӣ ба сустшавии болоравии нархҳои истеъмолӣ, поинравии қимати колоҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистон аз онҷо ворид мекунад, аз қабили ғизо ва сӯзишворӣ мусоидат кардааст”.

Дигар омили асосии паст кардани сатҳи таваррум дар соли 2022 сиёсати Бонки миллӣ буд, ки меъёри бозтамвилро дар давоми сол дар ҳудуди 13-13,25 фоизи солона нигоҳ дошт.
Қаблан БМТ гуфта буд, ки мизони таваррум дар соли 2023 дар сатҳи соли гузашта боқӣ монда ва он 6% (±2 банди фоизӣ)-ро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, онҳо эътироф карданд, ки сабабҳое мавҷуданд, ки метавонанд боиси болоравии нархҳо ва тарофаҳои истеъмолӣ шаванд.

Бонки АвруОсиёии РушдБонки Миллии ТоҷикистонтаваррумТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment