Нидерланд 400 низомии Украиниро омӯзиш медиҳад

Вазири дифои Нидерланд эълом кард, ки дар ростои иҷрои тарҳи англисии "Interflex", низомиёни Нидерланд, 400 низомии Украиниро дар Англис барои мубориза бо Русия омӯзиш медиҳанд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Кайса Оленгрен”, вазири дифои Нидерланд рӯзи гузашта (ҷумъа) аз тадоруки ин кишвар барои пайвастан ба барномаи таҳти раҳбарии Англис барои омӯзиши низомиёни украинӣ ба манзури набард бо Русия хабар дод.

Бино бар гузориши хабаргузории русии “РИА Новости”, вазири дифои Нидерланд гуфтааст, ки кишвараш қасд дорад соли ҷории мелодӣ, таҳти барномаи “Interflex” дар Англис, беш аз 400 низомии Украиниро омӯзиш диҳад.

Вай дар номае ба маҷлиси Нидерланд тасреҳ кард: «байни январ ва апрели 2023 ҳудуд 65 туфангдори дарёӣ Нидерланд, ду гурӯҳи 200 нафарӣ аз низомиёни Украиниро омӯзиш медиҳанд».

Вазири дифои Нидерланд дар идомаи номаи худ аз тасмими ин кишвар барои ирсоли ду мушакандоз ва мушаки падофанди ҳавоӣ Патриют ба Киев хабар дод.

Дар моҳи августи 2022, Нидерланд барои омӯзиши низомиёни украинӣ дар Англис ба барномаи “Interflex” пайваст ва беш аз яксад низомии Нидерланд дар ҳоли ҳозир дар ин барномаи омӯзишӣ мушорикат доранд.

Бар асоси ин гузориш, мақомоти Нидерланд эълом кардаанд, ки дар соли 2023, 2.5 миллиард евра ба Украина кумак мекунанд.

Амалиёти “Interflex” аз июли соли гузашта таҳти раҳбарии Биритониё бо ҳадафи муқобила бо Русия роҳандозӣ шудааст ва кишварҳое чун Ниозиланд, Канада ва Нидерланд низ токунун ба он пайвастаанд.

Аз замони оғози амалиёти низомии Русия дар Украина, кишварҳои ғарбӣ ва муттаҳидони Украина бо истифода аз фишори таҳримҳо алайҳи Маскав ва арзаи силоҳҳои сабук ва сангин натанҳо ба таваққуфи оташи нооромиҳо дар Украина кумаке накардаанд балки боиси тадовуми ҷанг дар ин кишвар шудаанд.

Кишварҳои ғарбӣ дар ҳоле ба Украина кумаки низомӣ мекунанд, ки Русия пеш аз ин дар хусуси ирсоли таслиҳот ба Украина ба НАТО ҳушдор дода буд. “Сергей Лавров”, вазири умури хориҷаи Русия пештар таъкид карда буд, ки ҳаргуна маҳмулаҳоӣ таслиҳотӣ ба Украина, ҳадафи қонунии артиши Русия қарор хоҳад гирифт.

Вазорати хориҷаи Русия низ дар ҳамин росто тасреҳ кардааст, ки кишварҳои НАТО бо арзаи таслиҳот ба Украина дар ҳақиқат бо оташ бози мекунанд.

“Дмитрий Песков”, сухангӯи Кремл низ таъкид кардааст, ки ирсоли таслиҳоти Ғарб ба Украина натанҳо ба муваффақияти музокироти сулҳ миёни Украина ва Русия кумак намекунад балки таъсироти манфӣ барҷой хоҳад гузошт.

InterflexАнглисНАТОНидерландРусия
Comments (0)
Add Comment