Англис ба сурати ғайримустақим аз Русия нафт мехарад

Як рӯзномаи англисӣ гузориш дода, ки Лондон бо воситаи Ҳинд аз Русия нафт ворид мекунад.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, як рӯзномаи англисӣ бо  истинод ба бархе арқоми ҷадид гузориш дода, ки Ҳинд ба воситаи пинҳон барои воридоти нафт аз Русия ба Англис табдил шудааст.

Рӯзномаи “Дейли телеграф”, бо эъломи ин хабар афзуд чунин равияе талошҳои Англис барои коҳиши манобеи молии Кремлро кам асар мекунад.

Мутобиқ ин гузориш, додаҳои тиҷорӣ нишон медиҳанд харидорони маҳсулоти энергия дар Англис воридоти нафт аз бузургтарин ширкати полоиши Ҳинд афзоиш додаанд; Ин ширкати ҳиндӣ низ худ воридоти нафти хом аз Русияро афзоиш додааст.

Ин иттилоот нишон медиҳанд харидорони маҳсулоти энергия дар Англис, воридоти мустақим аз Русияро бо воридот аз соири ширкатҳое, ки муштарии Русия ҳастанд ҷойгузин кардаанд; Маънои ин равия он аст, ки Англис ба сурати ғайримустақим ба чархиши нафти Русия кумак мекунад.

Дейли телеграф навишта, ин навъ занҷираи таъмин дар Англис комилан қонунӣ аст, аммо додаҳои мавҷуд нигарониҳо дар Англис дар бораи тазъифи низоми таҳримҳо алайҳи Русияро музоаф кардааст.

Олег Астенко, мушовири раиси ҷумҳури Украина гуфта, ки ширкатҳо аз заъфҳои мавҷуд дар низоми таҳримҳо истифода мекунанд. Ӯ гуфт: «Англис бояд мақарҳое, ки боиси ба хатар афтодани ҳимоятҳо дар Украина мешавадро бибандад.»

Чин ва Ҳинд аз замони ҳамлаи Русия ба Украина хариди нафт аз Маскавро, ки бо тахфиф арза мешавадро афзоиш додаанд. Додаҳое, ки тавассути муассисаи “Global Witness”, таҳлил шуда нишон медиҳад полоишгоҳи Ҷамнагар, ки дар ғарбт Ҳинд воқеъ аст дар соли гузаштаи мелодӣ 215 маҳмула нафти хом ва нафти кӯра аз Русия ворид карда. Ин рақам 4 баробари ҳаҷме аст, ки ин ширкат дар соли 2021 ворид карда буд.

Ҳамзамон, Англис аз замони оғози ҷанг 29 маҳмула муодили 10 миллион бушка газуил ё соири маҳсулоти полоишшуда аз ширкати Ҷамнагар ворид кардааст. Ин рақам дар соли 2021 мелодӣ 4 миллион бушка будааст.

АнглисНафтҲинд
Comments (0)
Add Comment