Суқути ҳавопаймо бо 72 мусофир – ҳеҷ тоҷике набудааст

Садама дар ҳоле рух додааст, ки ҳавопаймо дар ҳоли фуруд дар майдони ҳавоии байналмилалии Покхара будааст.

Садама дар ҳоле рух додааст, ки ҳавопаймо дар ҳоли фуруд дар майдони ҳавоии байналмилалии Покхара будааст.

Ба нақл аз Спутник, ҳавопаймои мусофирбар бо 72 сарнишин дар музофоти марказии Непал суқут кардааст. Феълан дар ҷои ҳодиса корҳои наҷотдиҳӣ идома дорад.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҳавопаймои “ATR 72” ки ба ширкати ҳавоии “Yeti Airlines” тааллуқ доштааст, аз шаҳри Котманду бо Покхара парвоз доштааст.

Ҳавопаймои суқуткарда ҳомили 68 мусофиру 4 узви ҳайати халабонҳо буда, дар лаҳзаи фуруд суқут кардааст. Дар феҳрасти мусофирон аз ҳадди ақал 15 хориҷӣ ва 3 кӯдак қарор доштаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки эҳтимолан дар он лаҳзаи суқути ҳавопаймо сабт шудааст.

Дар наворҳое, ки лаҳзаи аввали суқут сабт шудаанд, теъдоди зиёди сокинони мулкӣ дар наздикии ҳавопаймо ҷамъ омада, талош доранд, бо василаҳои дастрас аз ҷумла пошидани хок оташро хомӯш кунанд.

Аз қавли сухангӯи артиш Кришна Бхандарӣ иттилоъ дода шудааст, ки то ҳол ҷасади даҳҳо нафар берун бароварда шудааст. Дар мавриди наҷотёфтаҳо иттилое ироа нашудааст.

Ба асоси бархе аз гузоришҳо, ҳамаи сарнишинҳои ҳавопаймо, ҳам мусофирону ҳам ҳайати халабонҳо ба ҳалокат расидаанд.

Ширкати ҳавоии “Yeti Airlines” феҳрасти мусофирони ҳавопаймои суқуткардаро дар Непал нашр кардааст, ки ба иттилои мақомоти маҳаллӣ ҳамаи онҳо ба ҳалокат расидаанд.

Бар асоси феҳрасти нашршуда, аз миёни 68 мусофир 53 нафарашон непалӣ ва 15 нафари боқимонда атбои хориҷӣ будаанд. Дар миёни хориҷиён шаҳрвандони Тоҷикистон зикр нашудаанд.

Иттилоъ дода шудааст, ки миёни мусофирони хориҷӣ 5 нафарашон шаҳрвандони Ҳиндустон, 4 шаҳрванди Русия, 2 корягӣ ва якнафарӣ аз Ирландия, Аргентина, Австралия ва Фаронса будаанд. Дар феҳрасти мусофирон ҳамчунин аз 3 ноболиғ зикр шудааст.

Непалсуқути ҳавопаймотоҷиконҳавопаймо
Comments (0)
Add Comment