Тарси Амрико аз интиқоми Эрон

Кохи сафеди Амрико дар пайи афзоиши нигаронӣ аз интиқоми Эрон, чораҳои амниятӣ барои ҳифзи ду мансабдори собиқи ҳукуматиро тамдид кард.

Ба нақл аз манобеи хабарии Амрико, ҳамзамон бо афзоиши нигаронии амрикоиҳо аз интиқоми сахти Эрон аз омилони террори Қосим Сулаймонӣ, давлати Ҷо Байден, президенти Амрико чораҳои амниятӣ барои ҳифзи ҷони Майк Помпео, вазири хориҷаи пешин ва Роберт Ҳук, мушовири аршади пешини Иёлоти Муттаҳида дар умури Эронро бори дигар тамдид кард.

Вазорати умури хориҷаи Амрико ҳафтаи гузашта дар ҳушдорҳои ҷудогонае ба Маҷлиси ин кишвар эълон кард, ки таҳдидҳо алайҳи Пампео ва Ҳук ҳамчунон ҷиддӣ мебошад.

Эрон илова бар Доналд Трам, президенти собиқи Амрико, ки дастури мустақими террори Сулаймониро содир кард, Пампео ва Ҳукро ҳам омили террори генерали худ дар Бағдод дар январи 2020 медонад ва аҳд бастааст, ки интиқоми фармондеҳи худро хоҳад гирифт.

АмрикоДоналд ТрампҚосим СулаймонӣЭрон
Comments (0)
Add Comment