Оятуллоҳ Хоманаӣ: илоҷи пропогандаи душман, табйини ҳақиқат аст

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таваҷҷӯҳ ба тавтеаи душман барои нобасомониҳои ахир дар ҶИЭ изҳор дошт: "илоҷи пропогандаи душман, табйини ҳақиқат аст."

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидор бо мардуми шаҳри Қум ва қиёми пурғурури онҳо дар рӯзи 19-уми моҳи дейи соли 1356 ҳ.ш баён кард: “бузургдошти нуздаҳуми дейи соли 56-ум ҳар сол такрор мешавад. Бояд ҳам истимрор дошта бошад, дар оянда ҳам бояд ин риштаи нуронӣ давом пайдо кунад, чун як ҳодиса ва таҳаввули бузург буд, ҳодисаи оддӣ набуд. Зинда нигаҳ доштани ҳаводиси таҳаввулии таърих вазифаи ҳама аст.”

Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар солрузи қиёми таърихии мардуми Қум дар 19 дайи соли 1356 дар дидори ҷамъе аз мардуми ин шаҳр, ҳаводиси таҳаввулофрини таърихро дарбардоранда таҷрибаҳои бузурги дарсомӯз ва дорои як суннати илоҳӣ хонд ва бо ишора ба наҷоти Эрон аз панҷаи ғоратгар ва хунини Амрико бо пирӯзии инқилоби исломӣ гуфт: “пас аз дастури Кортер дар 43 соли қабл барои сарнагунии Ҷумҳурии Исломии Эрон, амрикоиҳо аз ҳар василае ба хусус таблиғот ва пропоганда барои таҳаққуқи ин ҳадаф истифода кардаанд, аммо ҳамчунон ки дар ин иғтишошҳо ҳам мушаххас шуд ноком мондаанд ва миллати бузурги Эрон ва масъулони кишвар ба фазли илоҳӣ, бо ҳиммат ба корҳои бузург ва таҳаввулӣ, ба рафъи нуқтаҳои заъф ва шитоби бештар дар масири таҳаққуқи аҳдоф ва хостаҳо идома медиҳанд.”

 Дарсомӯзӣ аз ҳодисаи азими 19 дейи 56 зарурӣ аст

Оятуллоҳ Хоманаӣ зинда нигаҳ доштан ва дарсомӯзӣ аз ҳодисаи азими 19 дей 56 Қумро зарурӣ донист ва гуфт: “наҳзати азиме, ки ба парчамдории мардуми мӯъмин ва инқилобии Қум дар саросари кишвар оғоз шуд, сарнагунии режими диктаторӣ, берун кашидани Эрон аз ҳозимаи ғарб ва эҳёи ҳувияти таърихӣ ва исломии кишварро думбол мекард чароки Эрони замон паҳлавӣ дар зери дасту пои фарҳанги ғалат ва тасаллути сиёсӣ- низомии амрикоиҳо леҳ шуда буд.”

 Роҳбурди ҷараён ботил китмон ё камранг кардани айёмуллоҳ аст

Эшон китмон ё камранг кардани айёмуллоҳ (рӯзҳои хуруши мардуми диндор” ва ҳаводиси таърихиро роҳбурди ҷараёни ботил донист ва афзуд: “бар хилофи “уръон, ки ҳамаро ба ёд ва зикри айёмуллоҳ ва ҳаводиси азим фаро мехонад, ҷараёни ботил мехоҳад аз нурафшонӣ ва ҳидоятбахшии ингуна айём ҷилавгирӣ кунад, ки талош барои камранг кардан ё китмони рӯзҳое монанди 22 баҳман, 29 баҳман, 19 дей, 9 дей, маросими ҷанозаи шаҳид Сулаймонӣ ва маросими ҷанозаи шаҳид Ҳуҷаҷӣ, намунаҳои ин талош аст.”

Раҳбари инқилоби Эрон бо ишора ба аксуламали сареъи мардуми мӯъмин ва боихлоси Қум дар 17 дей 56 яъне ҳамон рӯзи интишори мақолаи сахиф ва тавҳинкунанда нисбат ба Имом Хумайнӣ ба дастури дарбори паҳлавӣ, гуфт: “ин ҳаракат дар рӯзи 18 дей идома ёфт ва дар 19 дей ба қиёми фарогир табдил шуд ва Қуми пурифтихор аввалин парчам инқилобро барафрошт ва масири нуронӣ дар кишвар ба вуҷуд овард.”

 Эҳсос таклиф ва хатарпазирӣ дар муқобили режем тоғут

Эшон суръат дар эҳсоси таклиф, хатарпазирӣ дар муқобили режими сангдил ва хунхори тоғут ва ҳаракати баҳингом ва бидуни тардидро аз ҷумлаи вежагиҳои қиёми 19 дейи мардуми Қум донист ва таъкид кард: “ҳар ҳаракате, ки аз ин вижагиҳо бархурдор бошад, ҳатман ба аҳдофи мавриди назар мерасад.”

Раҳбари инқилоб, дифоъи муқаддасро намунаи дурахшони натиҷа гирифтани миллат аз эҳсоси таклиф, вуруди баҳангом ва ба ҷон харидани хатарҳо баршумурд ва гуфт: “Садоми девона бо имконоти фаровон ва пуштибонии Амрико, Шӯравӣ, НАТО ва кишварҳои муртаҷеъ ва бо ҳадафи таҷзияи Эрон ҳамла кард, аммо Эрон дар ин ҷанги аҳзоб пирӯз шуд ва онҳо ҳеҷ ғалате натавонистанд кунанд ва ҳатто як ваҷаб аз хоки кишвар ҷудо нашуд.”

Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ пуштгармии режими тоғут ба Амрикоро иллати беақлӣ ва ҷасорат дар чопи мақолаи тавҳинӣ алайҳи Имом Хумайнӣ хонд ва гуфт: “чанд рӯз қабл аз 19 дей, кортар дар Теҳрон ва дар ҳолати мастӣ, Эронро ҷазираи субот номида буд, аммо ин ҳимоят натиҷае надод чаро, ки ба фармудаи Қуръон, натиҷаи такя ба нируи куфр чизе ҷуз шикаст нест.”

Раҳбари Эрони исломӣ бо ишора ба нуфузи бисёр болои Амрико дар режими паҳлавӣ, муборизаи мардум бо тоғутро дар воқеъ мубориза бо Амрико хонд ва афзуд: “иллати табъиди Имом Хумайнӣ дар соли 1343, эътирози эшон ба қонуни капиталозиун буд, ки ба Амрико дар муқобили ҳар ҷинояте дар Эрон масуният медод ва мардум дар муқобили чунин нуфузе қиём карданд ва Эронро наҷот доданд, ки пояи душмании Амрико бо миллат шуд.”

Эшон нуктаи муҳими дигари ҳодисаи 19 дейи Қумро ҷилавгирӣ аз нуфузи афроди пуриддао ва береша дар масири наҳзати исломӣ донист ва илова кард: “дар машрута, нуфузи афроди нобоб мӯҷиби каҷ шудани роҳи наҳзат ба самти сафорати Англис шуд, аммо дар инқилоби исломӣ ба иллати ҳузури пурранги шахсиятҳои мавҷи динӣ дар майдон ва парчамдории уламо дар шаҳрҳои мухталиф ва ҳамроҳ кардан дилҳои мардум бо наҳзат, ҳама ҳатто мухолифон ва гурӯҳҳои мухталиф монанди коммунистҳо, маръуби ҳаракати азими мардумӣ ва он наҳифҳои Имоми бузургавор шуданд, ки аз Наҷаф ва дар дарси талабагии худ дунёро ба ларза меандохт ва мо ҳанӯз ҳатто Имом ва азамати он шахсиятро низ ба дурустӣ нишинохтаем.”

 Кортер дар соли 1979 ба созмони CIA дастури сарнагунии инқилобро дод

Раҳбари инқилоби исломии Эрон, пирӯзии инқилоб ва наҷоти Эрон аз султаи сангини Амрикоро иллати аслии душманӣ бо низоми исломӣ баршумурд ва бо ишора ба интишори санади табақабандишуда аз як маркази мӯътабари амрикоӣ мабнӣ бар дастури Кортер, раисҷумҳури вақт барои сарнагунии Ҷумҳурии Исломии Эрон, он ҳам фақат 10 моҳ пас аз пирӯзии инқилоб, гуфт: «бар асоси ин санад, Кортер ба созмони CIA дастур медиҳад, ки Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунад ва аввалин роҳбурде, ки барои сарнагунӣ зикр кард, истифода аз абзори таблиғот аст.»

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ талош барои зарба задан ба низоми исломӣ ба василаи маҷмӯае аз иқдомоти аммӣ аз таҳдид, таҳрим, ҷосусӣ, нуфуз, фишор ҳаддиаксарӣ, эҷоди иттиҳодҳои зиддиэронӣ, эронситезӣ, исломситезӣ ва шиъаситезиро талоши мустамари амрикоиҳо дар тӯли 43 соли гузашта хонд ва афзуд: «дар раъси ҳамаи ин корҳо, зарба задан ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба василаи таблиғот будааст.»

Эшон афзуданд: «албатта маълум аст, ки душман муваффақ ба амалӣ кардани нияти шуми худ нашуда ва Ҷумҳурии Исломии имрӯз бо решаҳои мустаҳками худ дар дохил ва ҳатто минтақа, қобили муқоиса бо рӯзи аввал нест, аммо он корҳо ба кишвар зарба зад ва мо метавонистем ҷилватар аз нуқтаи кунунӣ бошем.»

Раҳбари инқилоб, тамаркузи тавони кишвар бар муқобила бо ҷанги таҳмилии ҳаштсола ва ҳамчунин муқобила бо фишорҳо ва таҳримҳоро мӯҷиби кунд шудани пешрафти кишвар донист ва илова кард: «он тавон метавонист ба сурати комил сарфи созандагӣ, пешрафт ва решакании фақр шавад.»

Эшон ҷуброн ва бартараф кардани кундиҳои ношӣ аз душманиҳоро мумкин хонд ва афзуд: бо кори бештар, имон ва эътиқод, ва муҷоҳидати хастагинопазир ва шабонарӯзӣ метавонем дар ҳамаи бахшҳо заъфҳоро бартараф кунем ҳамчунон ки дар ҳавзаҳои илмӣ, дифоъӣ ва бахшҳое аз тавлид, корҳо ва ҷубронҳои хубе анҷом шудааст.»

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши дигаре аз суханонаш ба таҳлили ҳадафи тарроҳони иғтишошҳои ахир пардохт ва гуфт: «дасти душмани хориҷӣ дар ин ҳаводис комилан аён буд ва инки то гуфта мешавад дахолати душмани хориҷӣ, иддае онро инкор мекунанд ва мегӯянд ин ҳаводис тақсири шумо аст, саҳеҳ нест.»

Эшон бо ишора ба нақшофаринии ошкор ва ғайриқобили иғмози амрикоиҳо ва аврупоиҳо дар ҳаводиси ахир таъкид кард: «муҳимтарин василаи душман дар ин иғтишошҳо кори таблиғотӣ ва васваса аз тариқи фазои маҷозӣ ва расонаҳои ғарбӣ, арабӣ ва ибрӣ буд.»

Раҳбари инқилоби исломии Эрон афзуд: «иддае интавр вонамуд мекарданд, ки афроди ҳозир дар иғтишошҳо мухолифи заъфҳои мудириятӣ ва иқтисодии кишвар ҳастанд, дар ҳоле, ки бар акс, ҳадафи онҳо бартараф кардани заъфҳо набуд, балки ҳадафашон аз байн бурдани нуқтаҳои қуввати кишвар буд.»

Эшон дар табйини ин масъала ба ҳадаф қарор додани нуқатҳои қуввате ҳамчун амнияти кишвар, мутаваққиф кардани пешрафти илмӣ аз тариқ ба таътилӣ кашондани марказҳои таҳсилӣ ва илмӣ, мутаваққиф кардани рушди тавлиди дохилӣ ва ҳамчунин мутаваққиф кардани масоил дар ҳоли равнақгирӣ монанди гардишгарӣ ишора кард ва афзуд: «албатта дар инки мушкили иқтисодӣ ва маишатӣ вуҷуд дорад, шакке нест, аммо оё ин мушкил бо оташ задани сатили зубола ва иғтишоши хиёбонӣ ҳал мешавад? Бидуни тардид ин корҳо хиёнат аст ва дастгоҳҳои масъул низ бо хиёнат, бархурди ҷиддӣ ва одилона мекунанд.»

 Илоҷи пропогандаи душман, табйини ҳақиқат аст

Раҳбари инқилоб дар бахши поёнии суханонаш ба ду масъалаи дигар низ ишора кард. Масъалаи аввал таъкиди муҷаддад бар «ҷиҳоди табйин» буд, ки дар ин замина гуфт: «дар раъси нақшаҳои бадхоҳон, таблиғот ва ба қавли худашон пропоганда аст, ки илоҷи он, табйини саҳеҳи ҳақоиқ аз забонҳои мухталиф ва бо ибтикор ва навоварӣ аст чаро, ки роҳи бартараф кардани васвасаи таблиғотии асаргузор бар зеҳни ҷавон ва навҷавон нест, балки табйин ва равшангарӣ аст.»

Нуктаи поёнии раҳбари инқилоби исломии Эрон, таъкид бар анҷоми шудани корҳои бузург ва таҳаввулӣ буд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, асл инқилоби исломиро таҳаввули бузург ва убурдиҳандаи кишвар аз гарданаҳои сахт хонд ва афзуд: «дар идомаи роҳ низ дар заминаҳои мухталиф ҳамчун иқтисод, фарҳанг, амният ва илм ниёзманди корҳои бузург ва таҳаввулӣ ҳастем ва ин таҳаввули мубтакирона бо вуҷуди масъулон ва ҷавонони пурталош дар донишгоҳҳо ва бахшҳои дигар, мумкин ва шуданӣ аст.»

Матни пурраи суханронии мазкури Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ҶИЭ ба забони русӣ

АмрикоҚумОятуллоҳ Хоманаӣпропоганадараҳбари ЭронҶумҳурии Исломии Эрон
Comments (0)
Add Comment