Аксари мардуми кишварҳои арабӣ мухолифи оддисозӣ бо режими Исроил ҳастанд

Бар асоси натоиҷи назарсанҷӣ; Аксари мардуми кишварҳои арабӣ мухолифи оддисозӣ бо режими палиди Исроил ҳастанд.

 

 

Дар тозатарин назарсанҷие, ки тавассути як сайти яҳудӣ дар Англистон анҷом шуд аксари мардуми 14 кишвари арабии ширкаткунанда дар назарсанҷӣ мухолифи оддисозии равобит бо режими Исроил ҳастанд ва сиёсатҳои онро таҳдиде барои амният ва сабот дар кишварҳои арабӣ медонанд.

Ба гузориши манобеи хаабарӣ, тозатарин назарсанҷие, ки веб-сайти Англисии «Ахбор яҳуд» анҷом дод, нишон медиҳад, ки аксарияти қариб ба иттифоқи мардуми 14 кишвари арабӣ аз як низоми демократик ҳимоят мекунанд ва дар айни ҳол мухолиф ба расмияти шинохтани режими саҳюнистӣ ҳастанд.

Натоиҷ ба даст омада аз ин назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки 84 дарсад аз ширкат кунандагон аз кишварҳои Аморот, Мағриб, Баҳрайн ва Судон, ки равобити худро бо режими саҳюнистӣ оддӣ кардаанд, гуфтанд мухолифи он ҳастанд, ки давлатҳои онҳо режими саҳюнистиро ба расмият бишносад.

Ҳамчунин мушаххас шуд, ки 36 дарсад аз ширкат кунандагон далели мухолифати худро «неруи ишғолгари истеъморӣ дар Фаластин» эълом кардаанд, дарҳоле, ки 9 дарсади дигар аз ширкат кунандагон гуфтаанд, ки режими Исроил қасд дорад бар манотиқи бештаре аз сарзаминҳои арабӣ султа пайдо кунад.

Ин веб-сайти англисӣ забон ба нақл аз доктор “Юэл Жузанский”, пажӯҳишгари бартари муассисаи мутолиоти амнияти миллии (INSS), ки дар заминаи сиёсати кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс тахассус дорад, гузориш дод, ки аз натоиҷи ба даст омада аз ин назарсанҷӣ шигифт зада нашудааст; Зеро тавофуқи оддисозӣ ва ҳамчунин «тавофуқномаҳои сулҳ» бо Урдун ва Миср бо нухбагони сиёсии ин кишварҳо имзо шуд на бо мардум ва аксари мардуми Миср мухолифи режими Исроил ҳастанд.

38 дарсад аз ширкат кунандагони саудӣ дар ин назарсанҷӣ мухолифи ба расмият шинохтани режими саҳюнистӣ буданд ва 57 дарсад низ тарҷеҳ доданд ба ин пурсиш посух надиҳанд. Нуктаи ҷолиб инҷост, ки Бенёмин Нетонёҳу, нахуст вазири режими саҳюнистӣ Арабистонро кишвари баъдӣ барои оддисозӣ эълом кардааст.

Жузанский бар ин бовар аст, ки яке аз иллатҳое, ки боис шуд тавофуқи оддисозии равобити Арабистон ва режими саҳюнистӣ аз сӯи Муҳаммад ибни Салмон то ба имрӯз имзо нашуд он аст, ки аксарияти Арабистониҳо мухолифи ин иқдоми вай ҳастанд.

Жузанский дар идома афзуд, ки Нетонёҳу мумкин аст бори дигар мавзӯъи илҳоқи Каронаи Бохтариро матраҳ кунад ва аз ин тариқ бихоҳад аз Арабистони Саудӣ барои имзои тавофуқи оддисозӣ боҷхоҳи кунад; Ба гуфтаи вай, ин ҳамон равише аст, ки бо Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ба кор бурд, яъне «як мошинро ду бор бифурӯши»!

Натоиҷ дигаре, ки аз ин назарсанҷӣ ба даст омад, ин аст, ки 84 дарсад аз ширкат кунандагон бар ин боваранд, ки сиёсатҳои режими саҳюнистӣ ва Амрико таҳдиде барои амният ва сабот дар кишварҳои арабӣ аст, ки ин дар муқоиса бо Ҷумҳуруии Исломии Эрон ва Русия дарсади каме аст.

Аз дигар натоиҷи ба даст омада аз ин назарсанҷӣ ин аст, ки ҳудуди 72 дарсад аз ширкат кунандагон гуфтаанд, ки аз як низоми демократик ҳимоят мекунанд, дар ҳоле, ки 87 дарсад аз ширкат кунандагон дар ин назарсанҷӣ бар ин боваранд, ки кишваршон даргири фасоди молӣ ва мудириятӣ шудааст ва 39 дарсад низ мегӯяанд, ки онҳо аз баробарии комил бархудор нестанд.

арабӣоддисозӣРежими ИсроилРежими саҳюнистӣ
Comments (0)
Add Comment