Вазири дифоъи Тоҷикистон ба Белорус рафт

Вазири дифоъи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо сафари корӣ вориди Минск, пойтахти Белорус шудааст.

Вазири дифоъи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо сафари корӣ вориди Минск, пойтахти Белорус шудааст.

Тоҷикистон аз шарикони Русия ва Белорус дар чанд созмон мебошад.

Дар бораи сафари Мирзо сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии низомӣ — ёвари вазири дифоъи Беларус оид ба ҳамкориҳои байналмилалии ҳарбӣ Валерий Ревенко дар саҳифаи твиттериаш хабар додааст.

АМИД «Ховар» хабар дода, ки «сафари Вазири мудофиаи кишвар 3-4 январ идома ёфта, зимни он Шералӣ Мирзо бо  Вазири мудофиаи Беларус Виктор Хренин мулоқот намуд».

Гуфта мешавад дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо нақшаи ҳамкории ҳарбиро барои соли 2023 ба имзо расониданд.

Ҷузъиёти дигар ва ҳадафи сафарро на мақоми белорусӣ ва на «Ховар» нагуфтаанд. Дар бораи барномаи сафар дар сойтҳои вазоратҳои дифои ҳарду кишвар низ иттилоъе дода нашудааст.

Белорус дар ҷанг алайҳи Укроин канори Русия истодааст, аммо Тоҷикистон аз мавқеъгирии ошкор худдорӣ мекунад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Сарвазир ва раиси парлумони Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкорӣ ва дустӣ миёни Маскаву Душанбе сазовори орденҳои Русия гардиданд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ахиран ба чанд роҳбари Тоҷикистон орден дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия.

Бино ба иттилои манбаъ, фармони дар бораи сафароз гардонидани сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ва президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо орден аз сӯйи президенти Русия ба имзо расидааст.

Дар фармон гуфта мешавад:

“Барои саҳми бузург дар рушди дӯстӣ ва ҳамкории Русия ва Тоҷикистон бо “Ордени фахрӣ” сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сарфароз гардонида шавад. Зокирзод Маҳмадтоир Зоир раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Ордени Дӯстӣ” сарфароз гардонида шавадт”.

Ҳамчунин, бо “Орденҳои Дӯстӣ” мудири кулли ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” Фарҳод Мирзоев ва президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, инчунин нависандаи белорус Владимир Лиходедов ва консули фахрии Русия дар Таиланд Супакит Чиравонон сарфароз гардиданд.

 

БелорусТоҷикистонШералӣ Мирзо
Comments (0)
Add Comment