Уммон оддисозии равобит бо Исроилро маҳкум кард

Маҷлиси кишвари Уммон ҳар навъ робита бо бо режими саҳюнистиро маҳкум ва онро ҷурм донист.

Маҷлиси шӯрои салтанати Уммон имрӯз қонуни таҳрими равобит бо Исроилро қабул карда ва барои такмил онро ба Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқӣ фиристод.

Яке аз намояндагони ин маҷлис гуфт, ин пешниҳод ҳар навъ тавсеаи робита бо Исроилро манъ ва онро ҷурм медонад, фарқе надорад, ки ин робита аз тарафи шахсони ҳақиқӣ бошад ё шахсони ҳуқуқӣ.

Намояндагони маҷлиси шӯрои ин кишвар дар ин қонуни нав қатъи равобити, иқтисодӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ ва ҳар навъи дигари таомулро дархост кардаанд.

Дар ҳоле, ки бисёре аз кишварҳои арабӣ аз ҷумла Арабистону Аморот талош мекунанд равобити худ бо Исроилро оддисозӣ кунанд, Уммо аз ҷумлаи нахустин кишварҳои арабӣ мебошад, ки қонуни махсуси манъи равобит бо Исроилро содир кардааст.

Султон Қобус, подшоҳи фақиди ин кишвар, фармони таҳрими Исроилро содир карда буд.

Дар робита ба ин, расонаҳои режими саҳюнистӣ дар моҳи октябри соли гузашта аз лағви беш аз 10 парвоз ба Ҳиндустон ба далели мухолифати Уммон бо убури ҳавопаймоҳои саҳюнистӣ аз болои ин кишвар хабар дода буданд.

ИсроилУммон
Comments (0)
Add Comment