Коҳиши таваррум дар Тоҷикистон

Нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон давоми моҳи ноябр 0,9% ва маҳсулоти ғайриозуқа — 0,3% боло рафта, хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ, баръакс — 0,1% поин рафтанд. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон давоми моҳи ноябр 0,9% ва маҳсулоти ғайриозуқа — 0,3% боло рафта, хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ, баръакс — 0,1% поин рафтанд. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

То ин дам арзиши маҳсулот дар зарфи 3 моҳ поин рафта буд. Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта сатҳи таваррум 3,5 банди фоизӣ — аз 7,5% то 4,0% поин рафт.

Аз ҷумла аз оғози соли ҷорӣ маҳуслоти ғизоӣ 5%, маҳсулоти ғайриозуқа — 3,3% ва хидматрасонии пулакӣ — 2,5% гарон шуданд.

Дар бозори маҳсулоти озуқа  тухм – 45,4%, сабзавот – 20,5%, шир – 14,0%, орди гандуми нави 1-ум – 8,6%, маснуоти нонӣ ва ярма 7,3%, шакару маҳсулоти қаннодӣ 6,3% гарон шуданд.

Нархи маҳсулоти ғайриозуқа бештар боло рафта,  маводи шустушӯ – 20,3%, сӯзишвории дизелӣ  16,2%,  матоъ барои сарулибос  4,9%, масолеҳи сохтмон 3,9% гарон шуданд.

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2021 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху таърифаҳо (тарифҳо) дар назар буд, лекин сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои сол 8%-ро ташкил дод.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар пайи ҳамлаи низомии Русия ба Украина эҳтимол дорад суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ коҳиш ёбад ва танҳо соли оянда вазъ каме беҳтар шавад.

Коршиносони Бонки осиёи рушд (БОР) дар гузориши тозаи худ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар соли ҷориро 15 дарсад ва коҳиши қобили мулоҳизаи маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷик аз Русияро пешгӯӣ мекунанд. Мақомоти тоҷик бо чунин арзёбиҳо чандон розӣ нестанд, аммо бархе аз коршиносон ояндаи иқтисоди Тоҷикистонро аз ин ҳам тиратар мебинанд.

Бино ба пешбинии БОР, ҳаҷми таваррум ва ё инфлятсия, ки соли 2021 ба 8 дар сад баробар буд, соли 2022 ба 15 дар сад мерасад. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик бар ин аст, ки болоравии нархи маводи сӯхт, маводи ғизоии воридотӣ ва фишор болои сомонӣ ба далели коҳиши якбораи қурби рубли русӣ аз омилҳои ин амр мебошад. Ҷаноби Муллоҷонов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд БОР таварруми 15-дарсадӣ дар Тоҷикистонро пешбинӣ кардааст, аммо дар асл ин рақам эҳтимол дорад бештар шавад. Ӯ гуфт:

“Вақте БОР пешбиниҳояшро менависад, шояд на ҳама аз паҳлуҳоро ба инобат гирифта бошад. Ин, пеш аз ҳама, баландшавии нархи бензин аст. Дуввум – маҳсулоте, ки барои парвариши зироат дар Тоҷикистон даркор аст. Мо ҳоло намедонем, ки нархи онҳо дар Русия чанд дарсад афзоиш меёбад. Гузашта аз ин, мо ҳоло намедонем, ки қурби рубли русӣ ва доллари амрикоӣ баъд аз ду моҳ чӣ мешавад. Бо назардошти ин ҳама нуктаҳо, вазъи иқтисоди Тоҷикистон душвортар аз пешбиниҳои БОР мешавад”.

Аммо Шариф Раҳимзода, мудири Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар гузашта раиси Комиссияи иқтисод ва будҷаи порлумони кишвар бо чунин арёзбии қотеонаи БОР розӣ нест, ҳарчанд эътироф мекунад, ки таъсири таҳримҳои ғарбӣ ба зидди Русия дар иқтисоди Тоҷикистон эҳсос хоҳад шуд. Ӯ гуфт:

“Ҳар кас метавонад ҳар хел пешбинӣ кунад, вале ҳоло маълум нест, ки таҳримҳо ба ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон чӣ тавр таъсир мерасонад. Солҳои охир болоравии ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилиро мо аз ҳисоби саноат таъмин мекунем. Ин соҳа ҳамчунон дар ҳоли пеш рафтан аст. Албатта, таҳримҳо таъсир мекунанд, вале дар бораи фоизҳояш феълан гуфтан ғайриимкон аст”.

Иқтисоддонҳои БОР пешбинӣ кардаанд, ки баъди аз 4,5 то 9,2 дар сад боло рафтани сатҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2021, яъне пас аз коҳиши марбут ба бемории ҳамагири COVID-19 ва баста шудани роҳҳо, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли ҷорӣ то ду дар сад коҳиш меёбад. Ҳаҷми ММД Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 103, 9 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст ва ду дарсади ин маблағ баробари бешаз ду миллиард сомонӣ мешавад, ки барои иқтисоди Тоҷикистон андак нест.

Саидҷаъфар Усмонзода, роҳбари Ҳизби демократии Тоҷикистон ва узви порлумони кишвар дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ки ММД ба маънии гардиши мол дар бозорҳо аст.

Саидҷаъфар Усмонзода гуфт :

“Ин нишондод аз ҳисоби таҳримҳои ғарбӣ алайҳи Русия, қатъи тиҷорат бо Афғонистону Қирғизистон пешбинӣ шудааст. Яъне, сатҳи сифати зиндагии сокинон ду дарсад пойинтар мешавад”.

Аз сӯи дигар, ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, то 25 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷик, асосан, аз Русия ташкил медиҳад. Солҳои ахир ҳаҷми маблағҳои муҳоҷирон низ дар ҳоли коҳишёбӣ аст. Набӣ Юсупов, муассиси пойгоҳи таҳлилии Nuqta.tj бар ин аст, ки Тоҷикистон аз замони касби истиқлолият дар тӯли сӣ соли ахир пайваста бо буҳронҳои мухталиф рӯбарӯ аст. Ба эътиқоли вай, таҳримҳои ғарбӣ алайҳи Русия, ҳатто агар Тоҷикистон пойбандии сахте ба ин кишвар надошта бошад ҳам, барои тоҷикистониён бетаъсир нахоҳад монд:

“Муҳоҷирони зиёди кории тоҷик дар Русия ҳастанд. Аз соли 2013, то замони мудохилаи Русия ба умури Украина коҳиши маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик ба хонаводаҳояшон мушоҳида мешавад. Он замон мо ҳамасола то 4,3 миллиард доллари муҳоҷирони кории тоҷикро дарёфт мекардем, ки баробари чиҳил дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медод. Соли гузашта бошад ин маблағ то 1,5 миллиард доллар коҳиш ёфт”.

Сабаби чунин раванди коҳишёбии маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷикро Набӣ Юсупов дар кӯч бастани оилавии тоҷикистониён ба Русия низ мебинад. Ба гуфтаи вай, тибқи омори расмӣ, соли гузашта ҳамарӯза то 300 шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи Русияро дарёфт кардааст. Дар ин ҳолат, муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан маблағҳои ночиз фиристода, пули коркардаашонро дар худи Русия масраф мекунанд. Аз аввали соли ҷорӣ, ки мавсими сафари муҳоҷирони корӣ ба Русия аст, аллакай ба далели наёфтани ҷои кор ва маоши ночиз беш аз шаст ҳазор муҳоҷири тоҷик ба ватан баргаштаанд.

Дар гузориши БОР ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки бо роҳи кам кардани вобастагӣ аз қарзи беруна тавассути рушди сармоягузорӣ ба бозорҳои дохилӣ ва ҳисоботи пайвастаи Вазорати молия оид ба қарзҳои дохилӣ, аз ҷумла гузориши санҷидашудаи солонаи 15 корхонаи калонтарини давлатӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ба рушди бахши хусусӣ мусоидат карда шавад.

 

таваррумТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment